Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 22 сокини ноҳияи Сӯхро эълон карданд


Сокинони Сӯх дар назди бинои Додгоҳ
Сокинони Сӯх дар назди бинои Додгоҳ

Додгоҳи вилояти Фарғона 22 сокини ноҳияи Сӯхро, ки ба "бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар буданд, ҷазо додааст. Дар ин минтақа, ки дар ҳудуди Узбекистон ҷойгир, вале аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон аст, тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Дар Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 18-уми март хабар доданд, ки ду гумонбар ба панҷ соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуда, озодии ҳаждаҳ нафари дигар аз чаҳор то панҷ сол маҳдуд гардидааст. Ду наврасро шартан аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Қаблан додситон барои онҳо аз шаш то даҳ сол зиндон талаб карда буд, аммо гумонбарон ва вакилони мудофеашон иттиҳомро рад карданд.

Боздошти гуруҳи сокинони ноҳияи Сӯх пас аз муноқиша миёни бошандагони деҳаи "Чашма"-и Узбекистон ва "Чечме"-и Қирғизистон сурат гирифт. Ҳодиса 31-уми майи соли 2020 рух дод.

Он замон Шӯҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона, барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса рафта буд, вале таҳдид кард, ки равуои сокинонро ба қаламрави Узбекистон қатъ мекунад. Баъд аз ин изҳорот сокинон ба сӯйи Ғаниев санг ҳаво доданд.

Дертар сарвазири Узбекистон, Абдулло Орифов, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Сӯх ваъда дод, ки ба зидди иштирокдорони низоъ иқдоме гирифта намешавад. Бо ин вуҷуд, даҳҳо сокини ноҳияро боздошту бозпурсӣ ва қисмеро муҷозот карданд.

Ҳоло маълум нест, ки маҳкумшудаҳо ва ё пайвандонашон барои бозбинии ҳукм талош хоҳанд кард, ё не.

XS
SM
MD
LG