Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор аст, Ашраф Ғанӣ дар охири моҳи март ба Тоҷикистон биояд


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Интизор меравад, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар поёни моҳи марти имсол ба Тоҷикистон биояд. Ӯ дар нишасти "Қалби Осиё – раванди Истанбул" дар Душанбе иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нишаст рӯзҳои 29-30-юми марти имсол баргузор мешавад ва дар он ҳузури вазирони умури хориҷии 15 кишвар низ дар назар аст.

Қарор аст, раҳбарони намояндагиҳои кишварҳо ва созмонҳои ҳомии “Қалби Осиё – раванди Истанбул” назари худро дар бораи сулҳ дар Афғонистон баён кунанд.

Конфронс бо қабули “Эъломияи Душанбе” ва ҳам як нишасти матбуотӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом мерасад.

“Қалби Осиё – раванди Истанбул” як ибтикори минтақаии байни Афғонистону Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG