Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав аз сулҳ мегӯянд, дар Кобул хушунатҳо идома дорад


Дар ин таркиш се кас ҷон бохтаанд. Кобул, 18-уми марти 2021
Дар ин таркиш се кас ҷон бохтаанд. Кобул, 18-уми марти 2021

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки бар асари таркиши як бомби канори роҳ дар Кобул, камаш се кас кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳодиса рӯзи 18-уми март ва дар замоне рух дод, ки намояндагони ҳукумати Афғонистон, Толибон ва кишварҳои калидӣ барои хатми хушунатҳо ва пешрафт дар раванди сулҳи ин кишвар дар Маскав ҷамъ шудаанд.

Сухангӯйи идораи пулис, Фирдавс Фаромарз, ба хабарнигорон гуфт, таркиш субҳи барвақт дар кӯчаи ҳабдаҳуми Кобул рух дод. Бино ба гузоришҳо, дар ин ҳодиса мусофирбаре ҳадаф қарор гирифтааст, ки кормандони Вазорати иттилоотро ба ҷойи кор мебурд.

Ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо напазируфтааст, аммо ҳукумати зери ҳимояти Ғарб дар Кобул ҷангҷӯёни Толибонро дар ҳамлаҳои охир ба кормандони ҳукумат, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон айбдор кард.

Гурӯҳи Толибон даст доштани аъзояшро дар ин ҳамлаҳо инкор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Афғонистон гуфт, шоми 17-уми март бар асари суқути як чархбол дар вилояти Майдон Вардак 9 нафар, аз ҷумла панҷ нирӯи амниятӣ ҷон бохтаанд. Бино ба баъзе гузоришҳо, чархболро бо мушак задаанд, вале касе масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст. Вазорати мудофиаи Афғонистон сабаби суқути чархболро нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG