Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушторҳои бештари эътирозгарон дар Мянмар ва таъхири додгоҳи Аун Сан Суҷи. АКС


 Янгон. Ходимони амниятӣ як эътирозгарро таҳти латукӯб қарор додаанд
Янгон. Ходимони амниятӣ як эътирозгарро таҳти латукӯб қарор додаанд

Тими ҳуқуқшиносони Аун Сан Суҷи гуфт, ки мурофиаи маҷозии раҳбари мадании Мянмар бо сабаби рух додани мушкилоти интернетӣ барпо нашуд, дар ҳамин ҳол дар ин кишвар дар паи саркӯбҳои тозаи эътирозҳо панҷ нафари дигар кушта шудааст. Дар як навори видеоии 15-уми марте, ки оҷонсии Рейтерс нашр кард, вакили дифоъ Хин Маунг Зо гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ то нӯҳ рӯзи дигар ба таъхир афтод ва ба гуфтаи ӯ, ба Сансуҷӣ иҷоза доданд, ки аз ҳуқуқи ӯ ду вакилаш намояндагӣ кунанд. Раҳбари 75-солаи Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз 1-уми феврал ба ин сӯ дар боздошт аст. Ӯро дар нақзи қонуни мухобирот ва меъёрҳои санитарии давраи коронавирус гунаҳгор мекунанд, ки тарафдоронаш онро сохташуда меноманд. Мақомоти низомии Мянмар инчунин ӯро дар ғайриқонунӣ ба даст овардани 600 ҳазор доллар пул ва ҳаҷми калони тило гунаҳгор мекунанд.

Мянмар, ки дар ҷанубушарқи Осиё ҷойгир аст, аз замони ба ҳабс гирифта шудани Аун Сан Суҷиву чанд раҳбари дигари мадании кишвар бо эътирозҳои азиме рӯбарӯ шудааст. Раҳбарони низомӣ талош мекунанд, ки ҳарчи бештар ин эътирозҳоро саркӯб кунанд ва то ҳол дар бораи кушта шудани 120 нафар гузориш мешавад. Ин оморро гурӯҳи назоратии Анҷумани кӯмакрасон ба зиндониҳои сиёсӣ нашр кардааст.

Рӯзи 15-уми март ба иттилои шоҳидон, дар шаҳри марказии Мингуан се нафар кушта шуд. Дасти кам ду нафари дигар дар Аунглан, воқеъ дар ҷануби кишвар кушта шуданд.

Рӯзи 14-уми март дар нуқоти мухталифи кишвар дастикам 38 нафар кушта шуд ва ҳамлагарон дар шаҳри Рангун ба корхонаҳое, ки бо пули чинӣ кор мекунанд, ҳамла намуданд.

Жао Лиян, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин рӯзи 15-уми март гуфт, Пекин “аз амнияти сохторҳову кормандони чинӣ нигарон аст” ва аз мақомоти Мянмар хост, ки “аз такрори чунин ҳодисаҳо худдорӣ кунанд”. Бисёр эътирозгарон бовар доранд, ки Чин аз кудатои низомӣ дар Мянмар дастгирӣ мекунад.

Дар чандин маҳалли шаҳри Рангун баъди рух додани хушунатҳо қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Ҷомеаи байналмилалӣ аз ин таҳаввулот бисёр нигарон шудааст, вале генералҳои қудратро ғасбкарда ҳеҷ аломате намедиҳанд, ки аз роҳи худ гаштанӣ ҳастанд.

Том Эндрюс, мутахассиси калони СММ дар умури Мянмар дар Твиттер навишт, ки аз ҳодисаҳои 14-уми март “дилшикаста ва ғазаболуд” шудааст. Ӯ гуфт, “ҷои раҳбарони ҳунта қудрат неву зиндон аст”. Ӯ гуфт, “таъмини онҳо бо захираҳои пулу силоҳ бояд қатъ шавад. Аз аъзои СММ тақозо мекунам, ки даъвати маро дар амал татбиқ кунанд”.

Фиристодаи СММ дар Мянмар ҳам хунрезиҳои ахир дар ин кишварро маҳкум кард ва Бритониё гуфт, ки аз “истифодаи силоҳ дар муқобили мардуми бегуноҳ” “ваҳшатзада” шудааст. Шранер Бӯргенер гуфт, “ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла, бозигарони минтақавӣ бояд бо мардуми Мянмар ва хостҳои демократии онҳо ба ҳам оянд”.

XS
SM
MD
LG