Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибро бояд "розӣ" кард, вале на бо пул!


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Матлаби “Мурофиаи "теғзанӣ"-и ду табиб дар Восеъ”, ба бовари як хонандаи Озодӣ, ба зарурати ислоҳоти кулл дар низоми тандурустии Тоҷикистон таъкид мекунад.

Як хонандаи Озодӣ бо номи Сорбони Ошиқ , дар вокуниш ба матлаби “Мурофиаи "теғзанӣ"-и ду табиб дар Восеъ” матлаби муфассалеро дар бораи дидгоҳи худ роҷеъ ба вазъи соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба Озодӣ фиристодааст. “Мурофиаи “теғзанӣ” дар бораи занозании ду табиб дар ноҳияи Восеъ сӯҳбат мекард, ки моҷарояшон ба додгоҳ рафта ва қатъи назар аз раддияҳои мақомот сарусадоҳое дар бораи ҳангоми тақсими пули муштарӣ ба ҷони якдигар теғ кашидани табибонро ба вуҷуд овардааст. Сорбони Ошиқ аммо мегӯяд, ин мушкил як ҳалли решаӣ ва ҷиддӣ мехоҳад:

“Модоме ки дар Тоҷикистон миқдори беморон беҳад бешумор аст, ҳукумати Тоҷикистон бояд як фонди махсуси иҷтимоӣ барои таъмини маошу озуқавории пизишкону кормандони соҳаи тиббӣ ҷиддан ташкил намояд.

Музди меҳнати духтур вобаста ба категорияҳояш муайян карда, ҳангоми иҷро кардани амалиётҳои мушкили ҷарроҳӣ бояд ки ба онҳо давлат алоҳида маблағи иловагӣ диҳад. Банкҳои Тоҷикистон бояд ба пизишкони маълумотдор, кредитҳои имтиёзноку дарозмуддат диҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳамин ду гурӯҳи одамон - духтурону кормандони тиббӣ ва омӯзгорони мактабҳои миёна - ба ғайр аз музди махсуси худ, ки аз ҳисоби буҷети давлатанд, дигар даромаде надоранд. Агар ба онҳо музди меҳнати қаноатманд диҳанд, агар ба онҳо бо имтиёзҳои иҷтимоии аз ҷониби давлат пешбинишуда ҳавасманд шаванд, пас онҳо ҳеҷ гоҳ мӯҳтоҷи кисаи беморону хешу таборони онҳо нахоҳанд шуд.

Ман ҳайронам, ки сохторҳои суғуртавии Тоҷикистон, ки ба аҳолӣ полисҳои ҳифзи (мед.полис) тандурустиро медиҳанд, чаро дар каноранд? Наход дар Тоҷикистон ду-се тан менеҷерҳои бокалла ёфт нашаванд, ки чунин фондро дар назди вазорати тандурустӣ таъсис диҳанд?

Аз дигар ҷониб, як мақоми махсусеро бояд таъсис кард, ки полисҳои ҳифзи тандурустӣ ва ҳимояи табобатии шаҳрвандонро ба зери назорати худ гирад. Инҷо ман ягон ҷиноятеро намебинам. Дар Тоҷикистон имрӯзҳо бештар аз 7 миллион одам зиндагӣ мекунад. Роҳбарони ноҳияҳову маҳалхоро зарур меояд, ки ба аҳолӣ дуруст фаҳмонанд, ки дар даст доштани чунин полисҳо чӣ қадар зарур асту чӣ моҳияте дорад.

Масалан, агар одилона ҳар сол, аз шахсони синну солашон аз 14-сола боло, ҳадалимкон 150 рубл барои гирифтани полисҳои тиббӣ гиранд, миқдори маблағи фондҳои суғурта ба миллионҳо мерасад. Ин миқдор маблағҳо барои музди меҳнати духтурону кормандони соҳаи тиббу воситахои нақлиёту хизматрасонӣ ва таъмиру тармими биноҳои тиббӣ равона мешаванд.

Аммо як масъалаи дигарро мо бояд донем, ки касалиҳои душвору ниҳоят мураккабу вазнинтабобатшавандаро, албатта, маблағҳои алоҳидаи махсус лозим аст. Дар он ҳолат, ёрии башардӯстонаи байналхалқӣ бояд омодагӣ намояд...

Ин ду пизишки ботаҷриба ҳам ба гирдоби нодориву камбағалӣ афтодаанд. Агар ин ду доктор моҳе ҳазор доллари амрикоӣ маъош мегирифтанд, ин хел ходисаҳо рух намезад.

Боз инки мо тоҷикистониему мардуми шарқӣ. Бояд духтуронро ҳамеша ҳурмат кунем. Чаро баъди ҷарроҳии фарзанду бародару ҳамсару хешу таборону дӯстон мо онҳоро миннатдорӣ накунем?..Чанд дона нони гарми танӯри, миқдоре аз меваву сабзавоти хуштамъу як лаълӣ оши палави гӯштӣ ва як шиша коняки Тоҷикистон зеби меҳмондории духтурон аст. Зараре намебинем...Чои кабудро нӯшида, духтурон ҳам боқадрии худро ҳис мекунанду ҳамеша ба хизмати мардум тайёр буданро такрор мекунанд. Инҷо ҳам ҷинояте ҳаргиз намебинам. Духтурон ҳиссаи ҷавонии хуби худро ба таҳсилу аз худ кардани касби мушкил равона мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд, "Табиби ман - ҳабиби ман."

Сорбони Ошиқ аз бемористони "Белый Дом"
XS
SM
MD
LG