Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенаторони амрикоӣ "ҳамла"-и Русия ба Радиои Озодиро маҳкум карданд


Идораи Радиои Озодӣ дар Маскав
Идораи Радиои Озодӣ дар Маскав

Гуруҳе аз сенаторони баландпояи ИМА аз Владимир Путин, президенти Русия даъват карданд, ки аз роҳи ҳамла ба бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ "ҳамлаи давлати Русия ба озодии ВАО" -ро боздорад.

Дар изҳороти сенаторони демократ ва ҷумҳурихоҳон, ки 12-уми март нашр шудааст, бад шудани муҳити расонаӣ пас аз қабули қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ” маҳкум шудааст.

Оҷонсии танзими фаъолияти расонаҳо дар Русия алайҳи бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Русия барои нишонгузорӣ накардани навиштаи “агенти хориҷӣ” дар матлабҳояш 260 парванда боз кардааст.

Додгоҳи Маскав барои ситонидани ҷарима ба маблағи наздики як миллион доллар дар 142 ҳолат қарор содир кардааст.

Дар изҳороти сенаторони амрикоӣ гуфта мешавад, ки “Кремл солҳост, ки барои заиф кардани ҷомеаи шаҳрвандии Русия кор мекунад ва қонуни “агенти хориҷӣ” баҳонае барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои Радиои Озодӣ аст.”

Сенаторҳо Путинро барои тақвияти назорати расонаҳо, муҷозоти мунтақидон ва зери хатар гузоштани намояндагони матбуот айбдор карданд.

Ба гуфтаи сенаторон, “Радиои Озодӣ хидмати бебаҳоеро ба мардуми Русия анҷом медиҳад ва бидуни сензура ба мардум хабарҳои воқеиро мерасонад”.

"Роскомнадзор", идораи танзими фаъолияти расонаҳо дар Русия, моҳи январи имсол эълон кард, ки Радиои Озодиро садҳо ҳазор доллар ҷарима мебандад. Маскав радиоро барои нақзи муқаррарот муттаҳам кард.

Бино бар қонун дар Русия расонаҳоеро, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “агенти хориҷӣ” мешиносанд. Ин қонун хабарнигорони Радиои Озодиро дар маърази муҳокимаи ҷиноӣ низ қарор медиҳад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки аз сӯи Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, ба муқаррароти Маскав тан надодааст, вале афзоиши ҷаримаҳои пулӣ шояд ин муассисаро маҷбур созад, ки фаъолияти хабарии худро дар Русия боздорад.

XS
SM
MD
LG