Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, Толибон бояд бахше аз ҳукумати муваққатии Афғонистон бошанд 


Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия
Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия

Русия гуфт, Толибон бояд бахше аз ҳукумати муваққатии Афғонистон бошанд Дар остонаи омодагӣ ба мизбонии конфронсе бо иштироки Толибон дар Маскав, мақомоти Русия гуфтанд, Толибон бояд ба ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон шомил карда шаванд. Изҳороти сухангӯи вазорати хориҷии Русия Мария Захарова баъди он садо дод, ки Туркия 12-уми март гуфт, дар моҳи апрел ният дорад дар Истамбул мизбони музокироти сулҳи Афғонистон шавад. Маскав барои ширкат дар конфронси 18-уми март чандин бозигари минтақавӣ, аз ҷумла, худи намояндагони гурӯҳи шӯриширо даъват карда гуфт, ки ба музокироти пурмушкили Қатар миёни Толибон ва Кобул навоварӣ ҷорӣ мекунад. Маълум нест, ки оё ИМА ҳам иштирок хоҳад кард ё на. Захарова гуфт, “сохтори ҳукумати эътилофии дохилӣ бояд аз ҷониби худи

афғонҳо ҳаллу фасл шавад”. Ӯ афзуд, “айни замон, мо таъкид мекунем, ки ташаккули ҳукумати нав бояд бо намояндагӣ аз ҳама ҷонибҳо бошад ва ин ҳалли мантиқӣ барои мушкили ҳамгироии Толибон ба ҳаёти сулҳомези сиёсӣ мебошад”.

Дар Анкара вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки конфронси Истамбул бо дархости ҳарду ҷониб – ҳам Толибон ва ҳам ҳукумати Кобул ташкил мешавад. Туркия худро як бозигари муҳим дар Афғонистон меномад ва гуфтааст, ки ният дорад фиристодаи вижаи худро ба музокироти сулҳи Афғонистон таъин кунад.

Музокироти сулҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон, ки бар пояи созиши соли гузаштаи миёни ИМА ва гурӯҳи шӯришӣ оғоз гардид, моҳи феврал дар Қатар аз сар гирифта шуд. Як мояи интиқоди шадид ин аст, ки дар як соли идомаи музокираҳо ҳам мавҷи хушунатҳо дар Афғонистон кам нашуд ва дар моҳҳои ахир ҳамла ва қатли намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла журналистону фаъолони маданӣ афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG