Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маорифи Афғонистон сурудхонии духтарони аз 12‑сола болоро манъ кард


Иштироки гуруҳи духтарон дар як ҳамоиш. Акс аз соли 2020
Иштироки гуруҳи духтарон дар як ҳамоиш. Акс аз соли 2020

Вазорати маорифи Афғонистон сурудхонии духтарони аз 12‑сола болоро дар чорабиниҳои давлатие, ки он ҷо мардон ҳузур доранд, манъ кардааст.

Дар ин дастур, ки ба макотиби Афғонистон ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки набояд духтарони аз 12‑сола боло дар чорабиниҳои расмӣ тарона хонанд ва рақс кунанд.

Ин тасмим нигаронии фаъолони афғонро ба бор овард ва созмони Дидбони ҳуқуқи башар онро “заминасозӣ барои маҳдудияти фаъолияти духтарон” унвон кардааст.

Потриш Госман, як масъули созмони “Дидбони ҳуқуқи башар” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин тасмимро нигаронкунанда хонд. Ӯ гуфт, “дар вазъияте, ки хушунат монеи кор ва фаъолияти занон ва иштироки комили онҳо дар зиндагии иҷтимоӣ мешавад, давлати Афғонистон ин маҳдудятҳоро бештар месозад.”

Наҷиба Орин, сухангӯи Вазорати маорифи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим бар асоси шикояти хонаводаи донишомӯзони духтар ва худи онҳо гирифта шудааст.

Ӯ гуфт, дарсҳои духтарони аз 12‑сола дар макотиб хеле зиёд аст ва онҳо наметавонанд, дар ҳамоишҳо иштироку сурудхонӣ кунанд.

Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати маориф, тасмим ин шуд, ки аз ин пас духтарону писарони аз 12‑сола поён ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва беруназдарсӣ ҷалб шаванд.

Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон манъи таронахонии духтарони аз 12‑сола болоро маҳкум ва дар эъломияе гуфтааст, ки “озодии байён ва дастраси ба маҳоратҳои ҳунарӣ аз ҳуқуқи аввалия ва асосии ҳама кӯдакон аст. Онҳоро набояд маҳдуд кунанд”.

Дар Афғонистон, аз сӯйи гурӯҳҳои тундрав, озодии занону духтарон ба шиддат маҳдуд мешавад. Дар чанд моҳи ахир ба занони фаъол дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистон ҳамла сурат гирифтааст, ки коршиносон инро як роҳи тарсонидани занон унвон мекунанд.

Нигаронӣ аз тасмими маҳдудияти ширкати духтарони аз 12‑сола боло дар Афғонистон дар ҳолест, ки гуруҳи Толибон низ фаъолияти занон дар умури давлатро қабул надоранд.

Ин гурӯҳ, ки солҳост бо ҳукумати Афғонистон меҷангад, соле боз бо миёнарвии Амрико барои сулҳ дар Афғонистон музокирот мекунад. Ба гуфтаи огоҳон, як шарти имзои созишномаи сулҳ миёни Толибон ва давлати Афғонистон камранг кардани ширкати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ унвон мешавад.

Пешниҳоде, ки аз ҷониби фаъолон ба шиддат интиқод шудааст ва аз давлати Афғонистон хостаанд, ки онро қабул накунад ва Толибон бо эҳтиром ба ҳуқуқи занон бояд созишномаро имзо кунад.

XS
SM
MD
LG