Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: то май ҳар калонсол ба воксина дастрасӣ хоҳад дошт


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден чанд соат баъди имзои барномаи кӯмаки 1,9-триллиондолларӣ барои кӯмак ба иқтисоди кишвар 11-уми март дар суханронии телевизиониаш дар бораи давраи навбатии эмкунии мардум зидди COVID-19 хабар дод. Байден ба муносибати яксолагии эълони пандемияи коронавирус аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сӯҳбат мекард. Ӯ гуфт, ки то 1-уми май ҳар шахси калонсол дар ИМА метавонад ба воксина дастрасӣ дошта бошад ва, ба гуфтааш, то таҷлили иди истиқлолияти Амрико 4-уми июл вазъ наздик ба оддӣ мешавад. То ҳол COVID-19 дар ИМА 530 ҳазор нафарро куштааст.

XS
SM
MD
LG