Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ду соҳибкори тоҷик барои 16 000 доллар қарз, баёнгари як мушкили азим


Мушкилоти қарзгириву қарздиҳии дӯстону рафиқону ошноён, як мушкили умдае дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мушкилоти қарзгириву қарздиҳии дӯстону рафиқону ошноён, як мушкили умдае дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Як баҳси тулонии ду сокини шаҳри Душанбе барои бозпас гирифтани қарзро на мақомоти додгоҳӣ ва на Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳал карда натавонистаанд. Сайриддин Раҳмонов, сокини шаҳри Душанбе чаҳор сол қабл ба соҳибкор Абдурофеъ Ҳайдаров 16 ҳазор доллар қарз додааст, вале баъди саркашии ӯ аз бозгардонидан, соли 2018 ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бо судури як қарор ба соҳибкор амр додааст, ки пулро баргардонад. Аммо Абдурофеъ Ҳайдаров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори додгоҳ беасос аст, зеро қарзи Сайриддинро бо фоизҳояш баргардонидааст: “Дуруст аст, ки ман аз ӯ барои рушди фаъолияти кориям қарз гирифтаам, лекин қарзро марҳила ба марҳила баргардонидам, хатоии ман ҳамин аст, ки ҳар замоне пулро бармегардонидам, шинос гуфта, аз ӯ имзо, ё забонхат намегирифтам, баъдан як рӯз хабардор шудам, ки аз болоям шикоят бурдааст, дар дафтари шахсиям қайд кардаам, ки кай чӣ қадар пулаш додаам.”

Сайриддин Раҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибкор аз 16 ҳазор доллари гирифтааш, танҳо 1200 доллари онро додааст ва 14 ҳазору 800 доллари дигар боқӣ мондааст. Ӯ гуфт, дар идораи нотариалӣ ҳаҷми қарз бо имзои қарзгир сабт шудааст. Пас аз қарори додгоҳ, Хадамоти иҷрои Тоҷикистон барои ситонидани қарз аз ҳисоби амволи қарзгир вазифадор шудааст, вале ба қавли намояндагони идора то ҳол барои иҷрои ин амри додгоҳ муваффақ нашудаанд.

Хадамоти иҷро: "Чизе надорад, фурӯшему пулро гирем"

Умед Мискинов, як корманди Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “мушкил дар он аст, ки соҳибкор ягон амвол надорад, ки фурӯхта қарзро диҳем, ду бор ба мо муроҷиат кардааст, аз тарафи мо низ амалҳои иҷро гузаронида шуд, вале бо номи худаш ягон чиз надорад, пули ӯ ҳеч ҷо намешавад, ин масъаларо ҳал мекунем”.

Дар ҳамин ҳол Сайриддин Раҳмонов иддао дорад, ки соҳибкор чанд нонвойхона дорад, вале барои напардохтани қарз ҳамаи онҳоро ба номи наздиконаш гузаронидааст: “Ӯро мебоист ҳабс кунанд, лекин дар суд гуфтанд, баҳси шумо бо ӯ як баҳси гражданӣ ҳаст ва бо пардохти қарз масъала ҳал мешавад, байни худатон ҳал кунед”.

Ҳамсӯҳбати мо таъкид кард, ки мақомот барои ошкор кардани дороиҳои соҳибкор, ки ба номи худаш нест, таҳқиқи бештар набурдаанд. Дар ҳамин ҳол, Абдурофеъ Ҳайдаров афзуд, ки дар гузашта воқеан ҳам нонвойхона дошт, даромадаш бад набуд, вале дар ду соли ахир кори соҳибкорӣ ба хубӣ пеш нарафт ва расман дар мақомоти андоз фаъолияташро қатъ кард: “Як сабабаш ҳамин баҳсҳои зиёди додгоҳиву дахолати Сайриддин шуд, ки корро бас кардам, ҳоло ягон новойхона низ надорам, корро то додгоҳ бурд, саргардониҳо зиёд шуд”.

Сайриддин Раҳмонов бар ин назар аст, ки таҷрибаи қарздиҳияш нишон дод, ки дар Тоҷикистон аз роҳи қонунӣ бозпас гирифтани қарз хеле мушкил аст: “Ба тамоми мақомоти марбута, аз қабили суд, прокуратура, Хадамоти иҷро арз кардам, лекин мушкил ҳал нашуд”.

Мушкили бозпасгирии қарз дар Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо садо додааст. Ин мушкил на танҳо дар ҳолатҳои алоҳида миёни сокинон, балки байни амонатгузорон ва бонкҳои кишвар низ пайваста расонаӣ мешавад. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки қарори додгоҳро барои ҷуброни зарар ва ё бозпасгардонии маблағашон дар даст доранд, вале иҷрои он таъмин намегардад.

Дахолати ғайрирасмӣ, бемасъулиятиву беэътиноӣ...

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мақомот, аз қабили додгоҳу додситонӣ ва Хадамоти иҷро дар бозпасгардонии қарзҳо бо ҳама бархӯрди якхела надоранд. Ӯ рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ дар ин самт омилҳои коррупсионӣ, дахолати ғайрирасмӣ ва беэътиноиву бемасъулиятӣ зиёд ба назар мерасад, барои ҳамин мушкили бозпасгирии қарзҳо баръакс нисбати солҳои пеш бештар шудааст”.

Чунин иддаоро масъулони Хадамоти иҷро рад карда, мегӯянд, муносибати онҳо дар робита ба таъмини иҷрои ҳамагуна қарорҳои додгоҳӣ мувофиқи қонун ва одилона мебошад. Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, нигарониҳо аз бозпас гирифтани қарзи худ дар баробари муҳити иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ба кафолати амнияти ҳуқуқи инсон низ таъсири манфӣ мегузорад.

Ҳукумат соли 2018 Хадамоти иҷрои Тоҷикистонро таъсис дод, ки таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ яке аз вазифаҳои калидии ин ниҳод ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди таъсиси он, ҳанӯз ҳам чун гузашта нигарониҳо аз адолати додгоҳӣ ва шеваи иҷрои амру қарорҳои додгоҳҳо, аз ҷумла мушкили бозпасгирии қарз бештар ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG