Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории ҳамагир "айш"-и чиниҳоро дар Тоҷикистон "талх" кардааст. ВИДЕО


Ҳунармандони чинӣ пас аз таҷлили Соли нав
Ҳунармандони чинӣ пас аз таҷлили Соли нав

Чиниҳое, ки дар марказҳои забономӯзӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, фаъолият доранд, имсол натавонистаанд, барои таҷлил аз соли нав ба кишвари худ раванд. Бино бар солшумории қамарӣ, соли нав дар Чин аз 12 то 18-уми феврал таҷлил шуд.

Чиниҳо, тибқи анъана, дар остонаи соли нави қамарӣ аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ба назди волидони худ мераванд, вале имсол бемории ҳамагир айши онҳоро талх кардааст. Ванг Ю Ҳонг, зодаи шаҳри Ҳарбин, аз Донишгоҳи давлатии музофоти Чингдао ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ соли 2018 корро дар Маркази Конфутсийи шаҳри Истиқлол оғоз карда, ҳоло дар мактаби президентии шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) ба шогирдон забони чинӣ меомӯзонад. Дар инҷо ҳамроҳи шавҳару фарзандаш зиндагӣ мекунад.

"Хонаводаҳо аз рафтани мо хеле тарс доранд, то ба беморӣ гирифтор нашаванд. Зеро то ба зодгоҳ тавассути чанд ҳавопаймо меравем ва бо одамони зиёд вомехӯрем. Агар коронавирус намебуд, ҳатман ба таҷлил аз соли нав ба Чин мерафтем", -- мегӯяд ӯ.

Ин омӯзгори чинӣ дар орзуи ҳарчи зуд аз байн рафтани бемории ҳамагир аст, то ба дидани наздикон ба Чин биравад, вале дар айни замон мегӯяд, Тоҷикистон ҳам барояш писанд аст. Вай афзуд: "Тоҷикистон барои зиндагии хуб ҷойи мувофиқ аст. Бо моҳона рӯзгорро ба осонӣ пеш мебарем. Қариб се сол аст, ки дар инҷо кор мекунам. Талош дорам, шартномаи корро дароз кунам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чӣ гуна дар Тоҷикистон соли нави чиниро ҷашн гирифтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Дар солҳои гузашта дар Маркази Конфутсийи шаҳри Бӯстон беш аз панҷ омӯзгори чинӣ кор мекарданд, аммо бино бар баста будани марзҳо, феълан танҳо Минг Сионг Кай ба хоҳишмандон дарси забони чинӣ медиҳад.

Ӯ мегӯяд, дар панҷ соли кораш бори аввал натавонист, ки соли навро хотирмон таҷлил кунад. Аз онки дар замони пандемияи коронавируси нав дар Тоҷикистон монд, хушҳол аст.

Минг Сионг Кай мегӯяд, набояд пайдо шудани коронавирусро ба зодгоҳи ӯ рабт дод: "Фақат мавриди аввалини бемориро дар Чин сабт карданд. Албатта, вирус ҳоло тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вале мебинем, дар Тоҷикистон хеле кам шудааст. Кор дар инҷо бехатар аст."

Бахши аъзами молу колоҳо ба Тоҷикистон аз Чин меояд ва, аз ин рӯ, тоҷирони чинӣ дар бозорҳои кишвар низ кам нестанд. Барои мисол, бозори шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро, ки расман "Сомон" ном дорад, бештар бо номи "бозори чиниҳо" мешиносанд.

Баъд аз иваз шудани раҳбари он, ки чинӣ буд, аксар тоҷирони хитоӣ дӯконҳояшонро супурда, ба кишварашон рафтаанд, вале ҳоло низ чанде аз онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғуланд. Ли Шенг Ҷинг, тоҷири чинӣ, гуфт, "соли гузашта чанд ҳамватани мо, ки инҷо ҳамроҳ кор мекардем, ба Чин рафта, ҳоло омада наметавонанд ва тиҷораташон касод шуд. Мо низ аз хавфи аз даст додани тиҷорат барои таҷлили соли нав нарафтем."

Бо ин ҳол, шумори умумии чиниҳо дар Тоҷикистон ва аз ҷумла дар шимоли кишвар дақиқ нест. Аммо онҳо аксаран дар корхонаҳои саноатӣ ва бахусус коргоҳҳои истихроҷи маъдан фаъолият доранд. Баъзе аз онҳо бо оилаҳояшон ба инҷо омадаанд ва ё бо занони маҳаллӣ издивоҷ кардаанд.

Чиниҳо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бархӯрд бо онҳо одӣ аст. Дар матбуоти Тоҷикистон сари чанд вақт аз ҳузури густардаи чиниҳо, бахусус дар арсаи истихроҷи маъдан ва тиҷорат, нигаронӣ мешавад. Иддае қарзи зиёди Тоҷикистон аз Чин ва эҳтимоли суистифодаи Пекин аз ин вазъиятро низ боис ба ташвиш медонанд, вале мақомоти Тоҷикистон пайваста гуфтаанд, ки дар ин додугирифт тарафҳо ҳадди худро мешиносанд ва Душанбе дар баргардондани вомҳои худ, аз ҷумла ба Чин, мушкил надорад.

XS
SM
MD
LG