Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хостори бекор шудани маҳдудиятҳои тиҷоратии ИМА шуд


Вазири хориҷаи Чин Ван И
Вазири хориҷаи Чин Ван И

Рӯзи 22 феврал давлати Чин аз маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден хост, ки маҳдудиятҳо дар тиҷоратро бардорад ва, ба қавли Пекин, “дахолати беасос” ба умури Тайван, Ҳонгконг, Шинҷон ва Тибетро хотима диҳад. Изҳориназарҳои вазири хориҷаи Чин Ван И дар ҳоле садо дод, ки Пекин маъмурияти нави ИМА-ро тақозо кард, ки бисёр қарорҳои нисбати Чин қабулкардаи маъмурияти президенти собиқ Доналд Трампро бекор кунад. Соли 2017 Трамп боҷи моли содиротии Чинро боло бурда, ширкатҳои фанноварии ин кишварро таҳрим кард, табодули донишмандон хотима ёфт ва ҳамкориҳои низомиву дипломатӣ бо Тайван афзоиш дода шуд. Илова ба ин, барои нақзи ҳуқуқи мусалмонони Шинҷон ва саркӯби озодиҳо дар Ҳонгконг нисбати мақомоти чинӣ таҳрим ҷорӣ кард. Ван, ки назди донишмандону журналистон дар ҳамоише дар Пекин дар мавзӯи равобити ИМА ва Чин сӯҳбат мекард, гуфт, “мо медонем, ки маъмурияти нави ИМА сиёсати хориҷиашро бозбинӣ мекунад”. Вазири хориҷаи Чин изҳори умедворӣ кард, ки, ба гуфтааш, тасмимгирандаҳои сиёсӣ дар ИМА “беғараз” хоҳанд буд ва “равобити солиму босуботи миёни Чин ва ИМА-ро таъмин мекунанд”. Дар ҳоле, ки Байден ба ҳамкорӣ бо Чин майл нишон додааст, то ҳол маълум нест, ки то куҷо ӯ дар сиёсати Вашингтон нисбати Пекин кадом тағйироти бунёдие хоҳад кард ё на.

XS
SM
MD
LG