Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, ду раиси ҷумҳури собиқро аз имтиёзҳояшон маҳрум кунанд


Соронбой Ҷеенбеков баъди тазоҳуроти оммавӣ дар Бишкек аз мақомаш истеъфо дод.
Соронбой Ҷеенбеков баъди тазоҳуроти оммавӣ дар Бишкек аз мақомаш истеъфо дод.

Чанде аз фаъолони ҷомеаи маданӣ дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки ҳукумат ду раиси ҷумҳури собиқро аз имтиёзҳояшон маҳрум кунад, зеро харҷ аз буҷаи давлат барои онҳо бисёр зиёд аст.

Ташаббускорони ин пешниҳод ба тарафдории маҳрум кардани Роза Отунбоева 15 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд ва мегӯянд, ҳарду сиёсатмадори собиқ лоиқи он нестанд, ки масунияти якумрӣ ва ҳаққи баланди бознишастагӣ ва имтиёзҳои дигар дошта бошанд. Далелашон ин аст, ки аз буҷаи Қирғизистон, ки як кишвари камбизоат аст, барои онҳо пули зиёде харҷ мешавад.

Тарафдорони пешниҳод теъдоде аз тазоҳургароне ҳастанд, ки моҳи октябри соли 2020 баъди интихоботи порлумонӣ ба маркази Бишкек рехтанд ва Соронбой Ҷеенбековро ба истеъфо маҷбур карданд. Онҳо мегуфтанд, ки дар интихоботи порлумонии он сол аҳзоби тарафдори раиси ҷумҳури собиқ аз роҳи тақаллуб ба аксарияти курсиҳои порлумони Қирғизистон соҳиб шудаанд.

Соронбой Ҷеенбеков он замон истеъфо дод ва ҳамчун раиси ҷумҳури собиқ ҳаққи масунияти якумриро дорад ва таъмини амнияти ӯ бар дӯши мақомоти амниятист ва нафақаи хубе ҳам мегирад. Достон Аракеев, яке аз тазоҳургарон дар рӯзҳои тирамоҳии нооромӣ дар Бишкек буд.

Ӯ мегӯяд: “Замони эътирозҳо мо як ҷавони 19-соларо талаф додем. Албатта тақдираш чунин будааст, вале ӯ бояд зиндагӣ мекард. Ӯ барои озодии хеш эътироз кард. Чӣ қадар одам маъюб шуд. Чанд ҷавони 19-20 сола аз чашму даст маҳрум шуданд, вале ин одам унвони раиси ҷумҳури собиқро дорад ва имтиёз мегирад. Ба фикри ман чунин набояд бошад.”

Роза Отунбоева фақат якуним сол раиси ҷумҳури Қирғизистон буд
Роза Отунбоева фақат якуним сол раиси ҷумҳури Қирғизистон буд

Дигар фаъолони ҷомеаи маданӣ, ки зоҳиран бо ҷавон ақидаи монанд доштаанд, ба ҷамъоварии имзо оғоз кардаанд, то ҳукуматро водор намоянд, ки на танҳо Ҷеенбеков, балки Роза Отунбоеваро ҳам аз мақоми раиси ҷумҳури собиқ маҳрум намояд. Отунбоева соли 2010 баъди “инқилоб”- и моҳи апрел якуним сол раиси ҷумҳури Қирғизистон буд ва сипас қудратро осоишта ба дигарон супурд.

Ба ақидаи Чингиз Қапаров, блогери қирғиз, Роза Отунбоева ҳам набояд имтиёзҳои раиси ҷумҳури собиқро дошта бошад, зеро бо раъйи мардум интихоб нашудааст. Зери фарохонд ва ё петитсияи ӯ барои маҳрум кардани Отунбоева аз имтиёзҳояш 15 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.

Ӯ мегӯяд: «Ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақаи Ҷеенбеков 296 ҳазор сом, аз Отунбоева 140 ҳазор сом дар 1 моҳ аст. Хароҷоти дигари ӯ 1 миллион сомро ташкил медиҳад. Пас маълум мешавад, барои ҳарду раиси ҷумҳурони собиқ дар як сол 280 ҳазор доллар пули мардум харҷ мешавад. Ин ғайриқонунӣ аст ва барои ҳамин мардум моро дастгирӣ карда, зери фарохонд имзо мегузоранд.”

Баъди рафтан аз мақом, Роза Отунбоева, як бунёди мустақилеро таъсис дод, дар Қирғизистон тарҳҳои омӯзишӣ иҷро мекунад, кӯдакистон месозад ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ баргузор менамояд. Дар созмонаш ба Телевизиони Настояшее Время гуфтаанд, ки Роза Отунбоева за ҳеч имтиёзи хоси раиси ҷумҳур истифода намебарад, дар қароргоҳи давлатӣ зиндагӣ намекунад, қонунҳоро помол намекунад ва ҳамингуна ба масуният эҳтиёҷ надорад. Бар замми ин нафақаи хешро барои корҳои хайр сарф мекунад.

Доғдургул Кендирбоева, мудири иҷроияи Бунёди Роза Отунбоева мегӯяд:
“Ба мо бисёр вақт занони муҳтоҷ муроҷиат мекунанд. Вақте ягон кумак мепурсанд, мо онҳоро дар навбат мемонем ва пули нафақаро ба номашон мефиристем. Ба фикрам, ӯ сарватдӯстор нест.”

Аз миёни панҷ раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон ду нафарашон аз кишвар гурехтаанд, яке дар зиндон нишастааст ва ҳоло мехоҳанд, ду нафари дигарашон аз мақоми раиси ҷумҳури собиқ маҳрум шаванд.

Ба қавли Бақитбек Ҷумъагулов, сиётсашиноси қирғиз ин воқеият баёнгари корношоямии низоми сиёсӣ дар Қирғизистон аст: “Агар сухан дар бораи шахсият меравад, пас биёед фарди муносиб ва идеалиро ёбем, ки ба тамоми меъёрҳои як раиси ҷумҳур мувофиқат кунад. Агар масъала шахсият набошад, пас биёед системаро иваз кунем. Ва инҷо низоми порлумонӣ посух ба ҳамаи суолҳо мешавад.”

Бо вуҷуди ин ҳама ақидаву пешниҳоду ташаббус мумкин аст, дигар масъалаи маҳрум кардани Соронбой Ҷеенбеков ва Роза Отунбоева худ ба худ аз байн биравад, зеро ҳоло дар порлумони Қирғизистон тарҳи нави Қонуни асосӣ баррасӣ мешавад, ки дар он ҳеҷ имтиёзи хосе барои раҳбарони собиқ пешбинӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG