Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ва омодагӣ ба интихобот. 43 нафар дар Қирғизистон даъвои курсии президентӣ доранд


Эътирози сокинон дар Бишкек. 29-уми ноябри соли 2020

Интихоботи президентии ғайринавбатӣ дар Қирғизистон пас аз тағйири қудрат дар октябри соли ҷорӣ, дар пасманзари баҳсҳои доғ дар бораи шакли ояндаи мудирияти давлат ва муборизаҳои номзадҳои сершумор бо муддаиёни аслӣ барои мансаби раҳбари давлат, дар ҳоли наздик шудан аст.

“КИШВАРИ БИДУНИ ХОН”

29-уми ноябр дар Бишкек бори дуввум роҳпаймоии мусолиматомез барои пуштибонӣ аз Конститутсия сурат гирифт. Садҳо муътариз бо шиорҳои “Қонуни асосии ман= озодӣ”, “Раъйгирӣ – ғайриқонунӣ аст” ва бо шиори “Кишвари бидуни хон” ба хиёбонҳо рехтанд.

Ин роҳпаймоии дуюм пас аз эътирозҳои 22-юми ноябр буд, ки эътирозгарон талаб мекарданд, ислоҳоти Конститутсия баргузор нашавад ва ҳолати кунунии он ҳифз карда шавад.

Мавзуъҳои асосии сиёсати дохилӣ дар ин кишвар интихоботи сардори давлат ва ташаббуси ҳукумати нав оиди қабули Сарқонуни ҷадид мебошанд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва райъгирии Қирғизистон, аз 65 дархости сабти ном дар интихоботи президентӣ танҳо 47 номзад ба қайд гирифта шуданд. Бештари номзадҳо–30 нафар намояндаҳои созмонҳои ғайритиҷоратӣ, 24 нафар муваққатан бекор, 5 хидматчии давлатӣ, 3 нафар вакили парлумон ва 3 бознишаста мебошанд.

Миёни муддаиёни аслӣ барои қудрат, коршинсон аз Содир Ҷабборов ном мебаранд, ки феълан салоҳиятҳои иҷрокунандаи вазифаи президент ва нахуствазирро раҳо кардаву ба ҳар василае болои дастгоҳи давлат нуфузашро ҳифз кардааст. Нафаре, ки дар пайи буҳрони 4-уми октябр, дарҳол пас аз он ки аз сӯйи ҷонибдоронаш аз маҳбас раҳо шуд, курсии шахси аввалро соҳиб гардид. Зери фишори ҷонибдоронаш раисҷумҳури собиқ Сооронбой Жээнбеков 15-уми октябр ғайримунтазир истеъфо кард ва роҳи мустақими Ҷабборовро ба раёсатҷумҳурӣ боз кард.

РАФТАН БА ХОТИРИ МОНДАН

Мутобиқи Қонуни Асосии Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат наметавонад номаздияшро барои мақоми президентӣ пешбарӣ кунад. Барои ҳамин Ҷабборов 14-уми ноябр ваколатҳои чеҳраи аввал ва дуюмро бекор кард. Вале рақибонаш мегӯянд, ки ӯ аллакай як қатор меъёрҳои қонунгузориро нақз кардааст.

Чунин як арзёбиро ҳангоми нишасти матбуотии номзадҳо 24 ноябр Клара Сооронқулова раҳбари ҳизби сиёсии “Ислоҳот” ва додраси пешини палатаи Қонуни Асосӣ матраҳ кард.

“Содир Ҷабборов аввал нахуствазир интихоб шуд, баъдан иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Ҳамон замон бояд ӯ дарк мекард, ки набояд дар интихобот ширкат кунад. Вале ӯ фикр кард, ки метавонад барои муддате сарпарасти мақоми президентӣ бошад ва баъдан инро раҳо мекунаду номзад мешавад. Нахуст ин ки ин нақзи Қонуни асосӣ аст, дуюм бемасъулиятӣ ва сеюм ин ҳама ба он хотир карда шуд, то аз зарфиятҳои маъмурӣ истифода шавад. Мо дидем, ки чӣ гуна ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба минтақаҳо сафар намуд ва ҳамаи суханрониҳояш хосияти пешазинтихоботӣ доштанд, ки инро қонун манъ кардааст. Ҳамин аст истифодаи зарфиятҳои маъмурӣ”,-- гуфт Сооронқулова.

НАБАРД БАРОИ ҚОНУНИ АСОСӢ

Конститутсияи амалкунанда, эҳтимолан, барои муддаии аслии қудрат қонеъкунанда нест. Аллакай ҳафтаи дуюм аст, ки ҷомеаи Қирғизистон зарурати қабули Конститутсияи нав, ки қудрати президентро дар ин кишвар тақвият медиҳаду шумораи вакилонро аз 120 ба 90 поин меорад, ба чолиш мекашад. Ин тарҳ 17 ноябр барои муҳокимаи ҷамъӣ ворид шуд, вале баъдтар бархе аз вакилон гуфтанд, ки мубтакири ин санад нестанд ва танҳо имзои худро гузоштаанду халос.

Чунин ташаббус мавриди интиқоди шадиди сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятиву шаҳрвандӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, алайҳи ибтикори ислоҳи қонуни асосӣ раисҷумҳури пешини Қирғизистон Роза Отунбоева, вакилони порлумон Омурбек Текебоев, Канибек Имоналиев ва дигарон мавзеъгирӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, порлумони кишвар, ки ваколаташ бинобар буҳрон дар кишвар тамдид карда шуд, машруъ нест ва наметавонад Конститутсияи нав пешниҳод кунад.

Мухолифони тағйироти Конститутсия, дар он хавфи рушди қудратгаройӣ (авторитаризм) ва якккаҳукмронӣ дар кишварро мебинанд.

Баъди вокуниши ҷомеа Содир Ҷабборов, нуқтаназарҳояшро шарик сохт, ки Конститутсияи кунунӣ ба манфиати як шахс навишта шудааст ва ӯ қасд надорад, ки қудратро ғасб кунад.

“Мо пешниҳод мекунем, ки як роҳбар ва порлумон бошад. Аммо ҳоло чӣ? Мегӯем, ки мудирияти порлумонӣ аст, вале дар воқеият се ҳизб муттаҳид шудаанду кишварро ба се бахш ҷудо кардаву ҳар касеро хоҳанд ба мансабҳо пешниҳод мекунанд. Ҳамин ба ин вазъи ҳозир моро расонид. Барои он ки ин давом накунад, мо Конститутсияи мардумӣ пешниҳод мекунем, ки ба манфиати давлат кор хоҳад кард. Ман пешниҳод мекунам, ки президент ва ҳукуматро муттаҳид кунем, то як дастгоҳ бошад ва ҳамчунин қурултойро ворид кунем”,-- гуфт Ҷабборов.

Ба ҷуз ин, ба ҷойи қабули зудҳангоми Қонуни асосии нав, ӯ пешниҳод кард, ки дар интихоботи президентӣ масъалаи шакли идораи давлат дар раъйгирӣ гузошта шавад.

БАҲСҲО ДАР БОРАИ МАШРУЪИЯТ

Бо ин вуҷуд 20-уми ноябр, иҷрокунандаи вазифаи президент Талант Мамитов фармони таъсиси ҷаласаи Конститутсияро содир кард, ки ба муҳокимаи тарҳи Қонуни асосӣ пардохт. Вале як қатор коршиносон дар Қирғизистон машруъияти ин ниҳодро таҳти суол қарор доданд.

“Қонуни 22-уми октябр қабулкардаи парлумон комилан мухолифи Конститутсияи кишвар аст. Ба ҷуз ин дар ҳеч куҷое аз Конститутсия навишта нашудааст, ки “президент ё иҷрокунандаи вазифаи он бо фармони худ метавонад Ҷаласаи конститусионӣ” таъсис бидиҳад. Яъне ниҳоде, ки ахиран бо ин ном таъсис дода шуд, ғайриқонунӣ ва номашруъ аст. Зеро ислоҳоти конститутсионие, ки ҳоло гузаронида мешавад, ҳам ба Қонуни асосии кишвар ва ҳам ба таҷрибаи ҷаҳонӣ мухолифат мекунад”,--гуфт дар гуфтугӯ бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ – "Азаттык" коршиноси қонунгузории конститутсионӣ Сания Токтоғозиева.

Раиси Ҷаласаи конститутсионӣ аз мунтақидони ташаббус даъват кард, ки дар муҳокимаи тарҳ ширкат кунанд, вале ба гуфтаи онҳо ҳузури онҳо ба ин ниҳод машруъият мебахшад ва ба интиқоди онҳо таваҷҷуҳ сурат намегирад.

“10 соли ахирро дар Қирғизистон метавон таҷрибаи хунин номид. Бале, мо низомро тағйир додем, вале оё он чиро ки мехостем, ба даст овардем? Не. Қирғизистон яке аз кишварҳои фақиртарин шуд. Ин бисёр дардовар аст, вале инро бояд эътироф кард. Дар кишвари фақир демукросии порлумонӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад. Дар Қирғизистон 30 соли охир фақат дар бораи Қонуни асосӣ ва сиёсат гап мезананд, вале дар бораи рушди иқтисодӣ, тиб, маориф ва дигарҳо сухан намеравад. Мардум аз ин хаста шуд”,-гуфт дар гуфтугӯ бо Радио Азаттык сафири Қирғизистон дар Бритонёи Кабир Одил Байсалов.

ИН ҲАМА БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дастёбӣ ба созиш байни гуруҳҳои мухолиф дар ин шароит ҳанӯз интизор намеравад. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати муваққат, ки идеяи ворид кардани масъалаи шакли мудириятро дар раъйгирӣ пешниҳод карда буд, зери фишори ҷомеа пас кашид.

Сиёсатшиноси мустақил Эмил Ҷӯраев, мегӯяд, ки ҷомеаи Қирғизистон дар пасманзари ҳаводиси ахир ба чанд гуруҳ тақсим шудааст, ки дар он тӯдаҳо асосан аз идеяи Содир Ҷабборов пуштибонӣ мекунанд ва қисме аз гуруҳҳои либерол тақрибан вазифаи мухолифинро гирифтаанд.

“Ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳамаи тарафҳо эҳтимол ҳосил нашавад, вале кадом як созишҳои ифоқавӣ барои ҷонибҳо имконпазир аст. Маълум аст, ки тағйироти конститутсионӣ дар ин ё он шакл хоҳад шуд. Вале, шояд масъала марбут ба ҷузъиёт ва замонбандӣ аст. Маҳз дар ҳамин масъала имкони қабули алгоритмҳои тими Ҷабборов аз сӯйи гуруҳҳои дигар вуҷуд дорад”,--тахмин мезанад сисатшинос.

Дар даврони пасошӯравӣ дар Қирғизистон се талоши хушунатомези тағйири қудрат сурат гирифта, ду бор интиқоли мусолиматомези қудрат анҷом шуд. Бештар аз 30 бор қисман ё комилан кобинаи вазирон бо шумули сарвазир иваз шуда, 7 бор Конститутсия тағйир дода шуда ва ду бор шакли мудирияти давлат низ дигар карда шудааст.

Интихоботи раисҷумҳури нав дар Қирғизистон дар назар аст 10-уми январи 2021 сурат бигирад. Корзорҳои пешазинтихоботӣ қарор аст 15-уми декабр оғоз ва соати 8-и субҳи 9-уми январи 2021 ба анҷом бирасанд. Сабти номи номзадҳо ба мақоми сарвари даватро КМИР 14-уми ноябр тамом кард.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG