Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян, ки низомиёнро дар талоши кудато айбдор кард, ба майдони марказӣ мебарояд


25 феврал, тарафдорони мухолифони ҳукумати Арманистон дар майдони марказии Ереван ҷамъ мешаванд
25 феврал, тарафдорони мухолифони ҳукумати Арманистон дар майдони марказии Ереван ҷамъ мешаванд

Дар посух ба талаби низомиён дар бораи истеъфои нахуствазири Арманистон рӯзи 25 феврал Никол Пашинян ҳамроҳ бо садҳо тарафдоронаш ба маркази шаҳри Ереван баромад. Имзои созиши сулҳи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ноябри соли 2020, ки ба ҷанги шашҳафтаинаи Еревану Боку нуқта гузошт, ҳукумати Пашинянро бо як бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кард. Кремлин, ки як муттафиқи деринаи Арманистон мебошад, гуфт, ки аз таҳаввулоти босуръат тағйирёбанда дар Ереван нигарон аст ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Пашинян номаи низомиёнро “талоши кудатои низомӣ” номида ва эълон кард, ки Оник Гаспарян, раҳбари ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳро ба истеъфо фиристод. Пашинян дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт: “Ман соати 4 ба вақти маҳаллӣ аз майдони Республика гап мезанам, дар майдон ҷамъ шавед”. Дар номае ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон истеъфои нахуствазир ва ҳукуматро талаб кард ва гуфт, ки тасмими қаблии нахуствазир барои барканории муовини раиси ситоди кулл “як хато буд”. Дар номаи низомиён омадааст, ки “нахуствазир ва ҳукумат дигар дар чунин як вазъияти ҷиддӣ барои мардуми Арманистон ба қабули қарорҳои муносиб қодир нестанд”. Маълум нест, ки то куҷо нирӯҳои мусаллаҳ хостори истифодаи силоҳ ва зӯр мебошанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, “мо таҳаввулоти Арманистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем”. Ӯ гуфт, “мо ҳамаро ба оромӣ даъват мекунем”.

Пашинян баъди имзои созиши сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ мавриди интиқоди шадид дар дохили кишвар шуд. Созиши оташбас бо миёнҷигии Русия имзо шуда, ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталаби Озарбойҷон хотима гузошт. Ин ҷанг бо бартарии низомии Озарбойҷон анҷомид, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ дидааст. Пашинян назорат бар қаламравҳои баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи онро, ки баъди ҷанги аввали соли 1990 зери назари Арманистон буданд, аз даст дод. Ин чиз мояи норизоияти шадиди мардум ва мухолифон дар Арманистон шуд.

20-уми феврал ҳазорҳо эътирозгарон дар Ереван, пойтахти Арманистон раҳпаймоӣ карда шиорҳои мисли “Арманистон бидуни Никол!” ва “Никол – хоин”-ро ба забон оварданд. Пашинян истеъфои пеш аз мӯҳлат аз мақомашро рад карда, вале ишора кардааст, ки имкони баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG