Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СOVID-19 ҷангу даъво дар оилаҳои тоҷикро зиёд кардааст?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз афзоиши арзу муроҷиати сокинон дар мавриди озору хушунати хонводагӣ дар шароити пандемияи COVID-19 хабар доданд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси ин ниҳод, рӯзи 17-уми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, дар Душанбе гуфт соли гузашта 3 ҳазору 661 арзу муроҷиатро дар робита ба масоили марбут ба хонаводаҳо, аз қабили муноқишаҳои хонаводагӣ, хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо сабт намудаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ин омор дар муқоиса ба як соли пеш 403 адад зиёд мебошад. Хонум Қурбонзода афзуд, дар ин самт дар доираи “Барномаи давлатии пешгирӣ аз зуроварӣ” дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот кор мекунанд.

“Дар назди Кумита Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ташкил шудааст, ки ҳамарӯза фаъолият мекунад ва аз моҳи май, ки масъалаи СOVID, ки дар Тоҷикистон зиёд шуданд, ин марказ шабонрӯз низ хизматрасонӣ мекунад. Дар соли 2020 1913 нафар ба ҳамин марказ бо масъалаҳои гунонгун муроҷиат кардаанд”-, гуфт, ӯ.

Раиси Кумита шумори занҳое, ки дар соли гузашта ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд, 4657 тан номид, вале таъкид кард, ки дар мавриди фавт миёни занон маълумоте надоранд. Ҳарчанд ӯ дақиқан посух надод, ки пандемияи COVID-19 ба ҳаёти занону хонаводаҳо чӣ гуна таъсир гузоштааст, аммо равоншиносон борҳо таъкид кардаанд, афзоиши бекорӣ, вазъи ногувори иқтисодию иҷтимоӣ дар ин шароит ба муносибати хонаводаҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли гузашта 67 ҳазору 104 ҳолати ақди никоҳ ва 10 ҳазору 536 ҳолати бекор кардани он ба қайд гирифта шудааст. Яке аз сабабҳои пошхурии хонаводаҳо афзоши хушунату бекорӣ гуфта мешавад. Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав парвозҳои ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд.

Қатъи рафтуои доимӣ сабаб шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор мерафтанд, аз ин имкон маҳрум шуданд. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 90 нафари онҳо фавтидаанд. Оморе, ки бар дурустии он бархе мутахассисону сокинон шубҳа дошта, мегӯянд, миқёси талафоту беморӣ бузургтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

XS
SM
MD
LG