Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, дар воқеъ дипломатҳои тоҷикро дар Русия задаанд


Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, соли 2020 “латукӯби” дипломатҳо ва кормандони консулгарҳои кишвар дар Русия ҷой дошт. Латукуби дипломатҳо моҳи сентябри соли гузашта вақти муроҷиати зиёди мусофирону муҳоҷирон ба дипломатҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, ба сабаби пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои сафар ва парвозҳо шаҳрвандони хостори бозгашт ба ватан зиёд шуд ва 11 корманди сафорат дар Маскав пайваста бо таҳияи санадҳои ҳамватанон машғул буданд.

Вазир гуфт, гоҳо “ҳолатҳои латукӯби” кормандони консулгарӣ рух медод, вале “мо сокит будем, мушкили онҳоро мефаҳмем”. Ӯ гуфт: “Ба ҳазорҳо шаҳрвандони мо, ки дармонда буданд, кӯмакҳои моддӣ ҳам кардем. Мавридҳое буд, ки даҳҳову садҳо нафарро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин кардем."

Ҳарчанд вазир мушаххас нагуфт, ки манзури ӯ кадом ҳамла ба дипломатҳо аст, вале сентябри соли 2020 сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи латукӯби кормандаш хабар дод. 26-уми сентябр масъулони сафорат гуфтанд, ҳодиса ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои бозгашт ба ватан иттифоқ уфтод. Дар натиҷа, корманди сафорат ҷароҳат бардоштааст.

Расонаҳои Русия рӯзи 25-уми сентябр гузориш доданд, ки як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ду корманди сафоратро дар Маскав задааст. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки кормандони сафоратро барои "дағалӣ" задаанд. Сафорат гуфт, ин иддао беасос аст.

XS
SM
MD
LG