Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико Доналд Трампро "бегуноҳ" эълон кард


Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Сенати Амрико дар рӯзи 13-уми феврал.

Муҳокимаи дуввуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки ба барангехтани балвои маргбор дар назди бинои Конгресс муттаҳам мешуд, рӯзи 13-уми феврал бо “бегуноҳ” эълон шудани ӯ анҷомид.

Ҳангоми раъйдиҳӣ дар Сенати Амрико 57 вакил ба тарафдории гунаҳкор шумурдани Трамп ва 43 нафар мухолиф раъй доданд. Бо вуҷуди раъйи аксарият бар асоси муқаррарот 10 раъйи дигар кифоят накард, ки Доналд Трампро ба барангехтани балвои хунин дар рӯзи 6-уми январ гунаҳкор шуморанд. Барои қарори мусбат дар ин замина аз се ду ҳиссаи вакилон бояд раъйи мувофиқ медоданд.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Конгресси Амрико Доналд Трампро як ҳафта пеш аз анҷоми маъмурияташ ба барангехтани балво ва ҳуҷум ба бинои Конгресс гунаҳкор донист. Дар он рӯз садҳо нафар аз тарафдорони Доналд Трамп сафи маъмурони пулисро рахна карданд ва ба дохили бинои Конгресс ворид шуданд. Дар натиҷаи балвову вайронкорӣ ва бесарусомониҳои он рӯз 5 нафар ҷон доданд.

Дар сурати “гунаҳкор” эълон кардани Доналд Трамп дар Сенат ӯ дигар ҳақ надошт, ягон мақоми давлатӣ бигирад, вале акнун метавонад, дар соли 2024 дигарбора дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.

Ҳафт вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба 50 вакили Ҳизби демократ ва вакилони мустақил пайвастанд ва ба тарафдории гунаҳкор шумурдани Доналд Трамп раъй доданд. Муҳокима, яке аз он муҳокимаҳои камсобиқа дар таърихи Амрико шуд, ки вакилон аз ҷиноҳҳои сиёсии гуногун ва мухолиф ба ҳам ба тарафдории гунаҳкор эълон шудани раиси ҷумҳур раъй медиҳанд.

Интиқоди ҳамсафонаш аз Доналд Трамп

Доналд Трамп баъди хотимаи муҳокима низ аз ҳамсафи худ, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар сенат Митч Макконел як зарбаи сахт хӯрд. Ӯ билофосила баъди поёни раъйдиҳӣ гуфт: “Ҳеҷ шакке нест, ки раиси ҷумҳур Трамп амалан ва ахлоқан ҳодисаҳои он рӯзро барангехт. Одамоне, ки ба ин бино ҳамла карданд, бовар доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои раиси ҷумҳурашонро иҷро мекунанд.”

Митч Макконел гуфт, ки барои бегуноҳ эълон кардани Трамп раъй додааст, зеро ба ақидаи ӯ, Қонуни асосӣ ба Сенат ин ҳақро надодааст, ки раиси ҷумҳури собиқро ба ҷавобгарӣ бикашад. Митч Макконел афзуд, дар сурати гунаҳкор шумурдани Трамп, Сенати Амрико метавонист, дар оянда рақибони алоҳидаи сиёсиро ба содир кардани қонуншикание муттаҳам карда ва аз ҳаққи соҳиб шудан ба мақомҳои давлатӣ маҳрум кунад.

Айни замон ба гуфтаи раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенат, агар Трамп дар мақомаш мебуд, метавонистанд, барои амалкардҳояш дар додгоҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва ё маъмурӣ бикашанд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як баёнияе пас аз анҷоми муҳокима, гуфтаҳои Макконелро ҳам зикр кард. Ӯ гуфт: “Ҳарчанд дар раъйдиҳии ниҳоӣ ӯро гунаҳкор нашумурданд, вале касе ба таркиби иттиҳом шак надошт. Ҳатто онҳое, ки мухолиф буданд, ба мисли Макконел раҳбари ҷиноҳи аққалият дар Сенат бовар доранд, ки Трамп дар иҷрои вазифааш ба “кутаҳии нанговар” роҳ додааст.

"Фасли ғамангез"-и таърихи Амрико

Ҷо Байден гуфт, ин “фасли ғамангез”-и таърихи Амрико “ба мо ёдрас мекунад, ки демократия шикананда аст” ва бояд ҳамеша муҳофизат шавад ва барои хушунату ифротгароӣ дар Амрико ҷой нест. Ӯ афзуд: “Ҳар яки мо чун амрикоӣ вазифа ва масъулият дорем ва бахусус раҳбарон, ки ҳақиқатро муҳофизат кунему дурӯғро шикаст бидиҳем. Аз ҳамин роҳ мо метавонем, ин муборизаи беадабонаро поён дода ва рӯҳи воқеии миллати худро шифо бахшем.”

Чак Шумер, вакили Ҳизби демократ ва раҳбари ҷиноҳи аксарият дар Сенати Амрико баъди раъйдиҳӣ бегуноҳ эълон шудани Трампро маҳкум кард ва гуфт, балво ҳамчун “мероси ниҳоӣ ва ваҳшатнок”-и” Трамп мемонад ва доғи амалкардҳои ӯ дар таърихи Амрико ҳеч гоҳ “зудуда намешаванд”.

Доналд Трамп, муҳокимаи дуввуми худро “як марҳилаи дигари бузургтарин таъқиби бегуноҳон” дар таърихи Амрико номид. Ӯ дар як баёнияе, ки ҳеч накушиҳи амалкарди балвогарон дар он дида намешавад, гуфт: “Ҳаракати зебои таърихӣ меҳанпарастонаи Амрикоро дигарбора бузург мекунем, акнун оғоз ёфт.”

Дар баёнияи ӯ омадааст: “Моҳҳои оянда ман гапи бисёре дорам, ки ба шумо бигӯям. Ман омодаам, ки сафари фавқуллодаи якҷояро барои дастёбии тамоми мардуми мо ба бузургии амрикоӣ идома диҳем.”

Доналд Трамп нахустин раиси ҷумҳури Амрико аст, ки ду бор ба қонуншиканӣ гунаҳкор дониста мешавад. Ӯро моҳи феврали соли 2020 Маҷлиси намояндагон барои дархосташ аз Украина барои таҳқиқи амалкардҳои Ҷо Байден ва писараш гунаҳкор донист, вале Сенат палатаи болоии Конгресс, Трампро бегуноҳ эълон кард.

"Шӯрандози асосӣ"

Ҳамла ба Капитол, бинои порлумони Амрико, ки бо харобкорӣ дар дохили бино, утоқҳои вакилону толорҳои нишасти онҳо ва марги 5 нафар, аз ҷумла як афсари пулис анҷомид, миллати Амрикоро ваҳшатзада кард.

Ҳуҷуми издиҳоми тарафдорони Трамп баъди он сурат гирифт, ки ӯ дар ҳузури ин мардум дар назди Кохи сафед суханронӣ ва аз тазоҳургарон хост, ба самти Капитол бираванд. Зимни муҳокима вакилон, ки нақши додситонро иҷро мекарданд, гуфтанд, Трамп медонист, ки тарадоронаш қасди зӯроварӣ доранд, вале бо вуҷуди ин онҳоро ташвиқ кард, “сахт биҷанганд”. Дар он рӯз, вакилони мардумии Амрико дар маросими хосе, натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 3-уми ноябр ва пирӯзии Ҷо Байденро тасдиқ мекарданд.

Вакилони Доналд Трамп гуфтанд, ки ӯ аз ҳаққи худаш барои озодии баён истифода кардааст ва суханони ӯ ҳеч фарқе аз баёнияҳои сиёсатмадорони дигар надоштааст. Онҳо гуфтанд, вакилони демократ ҳеч далел наоварданд, ки нишон бидиҳад, Доналд Трамп тарафдоронашро шӯр андохтааст. Вакилони дифои Доналд Трамп, ҳамчунин демократҳоро ба он муттаҳам карданд, ки дар Маҷлиси намояндагон шитобкорона Доналд Трампро муҳокима ва гунаҳкор эълон карданд, то аз ин роҳ “рақиби сиёсиашон нобуд кунанд.”

Демократҳо ин иддаоҳоро рад карда, Доналд Трампро “шӯрандози асосӣ” номидаанд, ки пас аз интихобот бардурӯғ мегуфт, ки дар интихобот қонуншиканӣ кардаанд ва аз тарафдоронаш мехост, ки рӯзи 6-уми январ ба Вашингтон омада, ба зидди натиҷаҳо эътироз кунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG