Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чой, ширинӣ ва таҳдид барои фурӯш дар деҳаи навтақсими Қаробоғ. ВИДЕО


Лузин Алексаниён.
Лузин Алексаниён.

Баъди хатми ҷангу хунрезӣ барои Қаробоғи Куҳӣ, зиндагии маъмулӣ зоҳиран ба баъзе аз маҳаллаҳои он бармегардад, вале на дар ҳамаи онҳо.

Чанде пеш вақте, фурӯшандаи армани як мағозае дар Шурнух деҳаи тақсимшуда байни Арманистону Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар муштарии озарӣ биёяд ба ӯ хидмат мерасонад, шавҳараш оташин шуд ва таҳдид кард, ки барои ин кораш ӯро мекушад. Хати нави сарҳад ва тақсими Шурнух байни ду кишвар дар ин деҳа танишҳои нав барангехтааст.

Дар Шурнух ҳоло парчами Озарбойҷон парафшонӣ мекунад. Хати нави марзу омадани неруҳои байналмилалӣ дар ин деҳаи 80 нафарӣ кашмакаш эҷод кардааст. Марзи нав бар асоси созиши сулҳи Арманистону Озарбойҷон таъйин шуд, ки моҳи ноябр имзо карданд ва ҷанги хунин барои Қаробоғи Куҳиро хотима доданд. Созиш ба як мағозаи деҳа, ки соҳибаш арманист муштариёни нав овард.

Чой, кулчақанд ва таҳдиди қатл. Ҳамзистӣ дар як деҳаи сарҳадӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Фурӯшандааш Лузин Алексаниён ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: «Посдорони сулҳи Русия меоянд. Озариҳо барои харид наомадаанд. То ҳол надидаам.» Радиои Озодӣ аз ӯ пурсид, ки агар озариҳо омаданд, ягон чиз ба онҳо мефурӯшад. Ӯ чунин посух дод: «Чаро не? Ман фурӯшандаам. Барои ман фарқ надорад, муштарӣ арманӣ аст, озарӣ ва ё гурҷӣ?»

Суханони ӯ хашми шавҳараш Ҳарутун Ғазориёнро барангехт, ки бо асабоният ва садои баланд ба ӯ гуфт: “Агар озариҳо биёянд, худам тир зада мекушам. Туро ҳам мекушам.

Хати марзро дар деҳа бо усулҳои нақшакашии нав дақиқ карданд ва аз байни оғили ҷуфти арманитабори деҳа Стиопа Мовсисиён ва Лаура Товмасиён мегузарад. Ҳарду ҳам озариҳоро дидаанд. Суҳбати Радиои Озодӣ бо онҳо чунин ранг гирифт.

Стиопа Мовсисиён: Бо шириниву кулчақанд омаданд. Мо бо чою қанд зиёфат кардем ва рафтанд.

Лаура Товмасиён: Онҳо пурсиданд, ки метавонем биёем, ман ҳайрон шудам. Ба шавҳарам нигаристаму гуфтам, биёед. Гуфтанд, ки барои сулҳ омадем.

Стиопа Мовсисиён: Мо бояд артиши тавоно ва раҳбарони хуб дошта бошем. Онгаҳ ҳамачӣ хуб мешавад, вале агар мисли мурғу гӯсфанд заиф бошем, моро қатли ом мекунанд.

Ҳоло дар Шурнух 12 ҳавлӣ дар тарафи Озарбойҷон мондааст ва соҳибони арманиашон онҳоро тарк кардаанд. Татев Ҷавоҳириён дар ин вагони бе ошпазхонаву ҳаммом зиндагӣ мекунад. Мунтазири сарпаноҳи нав аст.

Ӯ мегӯяд: «Мо намедонистем, аҳволамон чунин мешавад, дар акси ҳол чизу чораамонро мегирифтем. Ба ман дар Горис 15 километр дуртар хона пешниҳод карданд, не гуфтам. Мехоҳам инҷо зиндагӣ кунам, зодгоҳам инҷост. Солҳои беҳтаринам инҷо гузаштаанд.»

Кӯдакони деҳа дар сояи аслиҳаву сарбозон бузург мешаванд. Дар назди харобаҳои як толори мероси шӯравӣ бозӣ мекунанд, ки дар ҷанги Арманистону Озарбойҷон дар солҳои 90-ум осеб дидааст. Вале калимаи «сулҳ» ҳамоно аз девораш пок нашудааст.

XS
SM
MD
LG