Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон ба ёди қурбониёни ҷанги Қаробоғ мотами миллии серӯза эълон шуд


Роҳпаймоӣ дар Ереван. 19-уми декабри 2020

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, рӯзи 19-уми декабр дар роҳпаймоии бахшида ба хотири қурбониёни ҷанги ахири Қаробоғи Кӯҳӣ дар Ереван иштирок кард. Ҷанги байни Арманистону Озарбойҷон шаш ҳафта идома ёфт. Он бо миёнравии Маскав ва имзои тавофуқномаи сулҳ рӯзи 10-уми ноябр ба поён расид. Арманистон ба ёди қурбониёни ин ҷанг мотами миллии серӯза эълом кард. Қарор аст, маросими дуохонӣ барои қурбониён ҳам баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG