Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои чор сол пеши атрофи Қаробоғ миёни Саркисяну Лукашенко дар Ереван баҳс барпо кард



Соли 2016, Остона, раҳбарони Арманистон ва Беларус Серж Саркисян ва Александр Лукашенко дар поёни ҷаласаи сарони кишварҳои созмони Евразес акс мегиранд
Соли 2016, Остона, раҳбарони Арманистон ва Беларус Серж Саркисян ва Александр Лукашенко дар поёни ҷаласаи сарони кишварҳои созмони Евразес акс мегиранд

Дафтари собиқ президенти Арманистон нахост сабти аудиоии сӯҳбатҳои чор соли пеши Серж Саркисянро бо Александр Лукашенко, раҳбари Беларус дар бораи созише бо Озарбойҷон дар нисбати ҳафт ноҳияи минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ шарҳ бидиҳад. Дар изҳороте, ки 8 декабр нашр шуд, дафтари Саркисян гуфт, сӯҳбате, ки 16 октябри соли 2016 дар ҳошияи ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван ба таври пӯшида сурат гирифт, таҳти суол аст. Дар изҳорот омадааст, ки маълум нест ин сабти садоӣ чӣ гуна 7 декабр дар интернет нашр шуд. Сабти мазкур дар Арманистон шурӯ шаре барпо кард, чун дар он возеҳ шунида мешавад, ки Лукашенко хитоб ба Саркисян мегӯяд, ноҳияҳои атрофи Қаробоғро ба Озарбойҷон бозпас бидиҳанд ва нирӯҳои СПАД метавонанд барои таъмини амнияту бехатарии арманитаборҳо дар минтақа мустақар шаванд.

XS
SM
MD
LG