Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд? ВИДЕО


"Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд?" Бо ҳамин суол муҳоҷирони фиребхӯрда тақрибан ҳар рӯз ба Радиои Озодӣ муроҷиат мекунанд. Шикоятҳо бештар аз миёнаравҳои тоҷик аст, ки муҳоҷиронро бо ваъдаи кору музди зиёд ба Русия мебаранд ва баъдан дасти холӣ мегузоранд.

Бо дархости зиёди муҳоҷирон ҳамин масъаларо дар "Гапи Озод" ба баҳс гирифтем.

Меҳмонони барнома:

Файзулло Аминов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Сургут,

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия.

  • Мавридҳои фиреби ҳамдигар дар байни муҳоҷирони тоҷик то куҷо зиёд аст?
  • Кӣ бештар киро фиреб медиҳад: Кордиҳанда, миёнарав ва ё коргар?
  • Сабабҳои асосии фиреби ҳамдигар чӣ аст?
  • Чӣ бояд кард, пеши роҳи фиреби якдигар гирифта шавад ва ё ҳадди ақал камтар карда шавад?
  • Дар ин маврид раисони диаспораҳо, консулгариҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ чӣ кор бояд кунанд?
Файзулло Аминов: "Русия шаҳру вилоятҳои зиёд дорад. Вақте муҳоҷирон ба Русия меоянд, пеш аз ҳама, ҷамъияти тоҷикҳоро ёфта, худро шинос кунанд. Дар инҷо донанд, ки фалон одам омадааст, қарордод дорад, кор мекунад ва дар оянда ӯро муҳофизат кунанд. Бисёре аз тоҷикон меоянд, намепурсанд, ки соҳиб дорем ё не, ба ҳар ҷой рафта кор мекунанд. Вақте ба доми фиреб афтоданд, дар ҷустуҷӯ мешаванд, ки ба мо кумак кунед."
Бахтовар Ҷумъаев: "Чунин воқеаҳо хеле зиёданд. Мардумфиребӣ. Аз ин рӯ, мардум на ба ҳомии ҳуқуқ бовар доранд, на ба ягон диаспора. Агар бовар ҳам кунанд, хеле кам аст. Роҳи ҳалли мушкил аввалан донистани забон ва дувум бастани шартномаи корӣ аст. Ё ҳадди ақал аз касе набошад, бояд забонхат гиранд, то дар оянда далеле дошта бошад ва пулҳояшонро ситонида тавонанд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:59 0:00

Дар Ютуб тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG