Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Қасоси” нав: Иттиҳоми навбатӣ алайҳи Любов Собол - ҳуқуқшиноси Навалний


29 январ. Любов Собол дар толори додгоҳ китоб мехонад
29 январ. Любов Собол дар толори додгоҳ китоб мехонад

Любов Собол, як ҳуқуқшиноси маъруфи Бунёди зиддикоррупсияи сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Нвалний дар иттиҳомоти нав гунаҳгор шуд. Худи ӯ инро “қасоси” сиёсии мақомот барои дар қазияи заҳролудшавии Навалний гунаҳгор кардани кормандони ҳифзи қонун номидааст.

Собол, ки баъди эътирозҳои зиддиҳукуматӣ бо иттиҳоми гӯё нақз кардани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, яке дигар аз атрофиёни Навалний мебошад, ки мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Тими Собол рӯзи 11 феврал дар Facebook навишт, ки парвандаи Кумитаи тафтишоти Русия ба қазияи дар моҳи декабр бо як корманди амният дар хонаи ӯ сӯҳбат кардани Собол ва як журналист рабт дорад. Исми ин афсари ФСБ Константин Кудрявсев аст ва он ба қазияи дар моҳи августи соли 2020 заҳролуд кардани Алексей Навалний рабт дорад. Озмоишгоҳҳои аврупоӣ гуфтанд, ки Навалний бо заҳри низомӣ заҳролуд карда шуд.

Моҳи декабр Навалний сабти, ба гуфтааш, сӯҳбатҳои телефонӣ бо Кудрявсевро нашр кард. Марде, ки бо Навалний 49 дақиқа сӯҳбат кард, тамоми ҷузъиёти заҳролудкунии Навалнийро нақл кард. ФСБ ва Кремлин ҳама гуна иттиҳоми заҳролудсозии Навалнийро рад мекунанд.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки Собол ва дигарҳо бо истифода ваё таҳдиди хушунат талош карданд ба хона Кудрявсев ворид шаванду бо ӯ сӯҳбат кунанд. Шикоят аз ҷониби модарарӯси Кудрявсев ворид шудааст. Худи Собол ва тимаш ин қазияро як қассосгирии сиёсӣ номидааст.

XS
SM
MD
LG