Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

663 оилаи тоҷикро ба дигар маҳаллаҳо мекӯчонанд


Деҳаи Қулписта дар ноҳияи Рӯдакӣ
Деҳаи Қулписта дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта 515 мавзеи хатарнок барои зиндагиро сабт кардаанд ва бояд 2 соли дигар садҳо хонавода ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ҷамшед Камолов, сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ кумита рӯзи 11-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ин минтақаҳо 24 ҳазор хонавода бо беш аз 158 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд.

Ба гуфтаи ӯ, то соли 2023 663 оила аз ин маҳалҳои ноамн барои зиндагӣ бояд ба минтақаҳои амн кӯч дода шаванд. Дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе миқдори чунин минтақаҳо чӣ қадар аст, Ҷамшед Камолов гуфт: “Дар пойтахт чунин минтақаҳо даҳ адад аст. Ин маҳаллаҳо дар минтақаи Лучоб ва қисмати шарқии шаҳр ҷойгиранд. Аз минтақаҳои шарқӣ соли гузашта 16 хонавода кӯч дода шуданд, аммо ба далели номуносиб будани маҳалли нави иқомат, ин хонаводаҳо ба маҳалли пешини зиндагӣ баргаштанд”.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба мисли тармаву лағжиши хок ва селу обхезӣ аст ва кишвар солона аз фалокатҳо миллионҳо доллар хисорот мебинад.

XS
SM
MD
LG