Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ шарҳ дод.ВИДЕО


Муҳоҷират

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал, ки ӯ низ дар он ширкат доштааст, ҷониби Русия исрор кард: “Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд.”

Вазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳо шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд. Қатъи рафтуои доимӣ сабаб шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Русия барои кор мерафтанд, аз ин имкон маҳрум шуданд.

Ширин Амонзода ҳамчунин гуфт, ки дар ду моҳи ахир дар Тоҷикистон “ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт нашудааст.” Вазири меҳнат гуфт, аз ширкатҳои Русия дархостҳои зиёд барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик гирифтаанд, вале “ба сабаби баста будани марзҳо ва мунтазам набудани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани шаҳрвандони аксар давлатҳо, иҷрои ин кор ғайриимкон аст.”

Пештар аз ин ҳукумати Русия шоми 9-уми феврал гуфт, мутахассисони Хадамоти федеролии назорати ҳуқуқи муштариён "бо ҳадафи арзёбии вазъи эпидемиологӣ" ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва "гузориши онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав дар Русия баррасӣ мешавад".

Ҳукумати Тоҷикистон бештар аз ду ҳафта аст, ки мегӯяд, дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст. Вазорати тандурустӣ рӯзи 10-уми феврал гуфт, ки 24 соати гузашта ҳам бе сирояти COVID-19 гузаштааст.

Вале омори мақомот дар бораи гирифторӣ ба COVID-19 аз оғози пандемия шубҳаву гумонҳоро ба думбол дорад. Бархе мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ дар бораи коронавирус вазъи воқеиро пурра бозгӯ намекунад. Бархе корбарон навиштанд, ки тасмими Русия барои фиристодани як ҳайат ба Тоҷикистон, ки вазъи беҳдоштиро месанҷад, баёнгари нобоварӣ ба ҳарфи мақомоти тоҷик дар бораи набудани COVID-19 аст. Мақомот ба ин гуна назарҳо вокуниш накардаанд.

Нишасти комили хабарии вазири меҳнатро инҷо дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук бубинед.

Дар умум дар Тоҷикистон ба гуфтаи вазорат, то кунун 13308 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 90 нафари онҳо фавтидаанд, аммо шубҳа дар бораи ин омор зиёд аст ва мутахассисон мегӯянд, миқёси талафоту беморӣ бузургтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Айни замон то кунун гузоришҳо дар бораи фавти одамон аз “илтиҳоби шуш” мерасад.

Бо инки COVID-19 дар Тоҷикистон аз байн рафтааст ё не, аммо ин беморӣ боис шудааст, ки роҳи ҳазорҳо муҳоҷир ба Русия баста шавад. Яке аз суолҳои аслӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кай боз шудани марзҳо аст. Муҳоҷирон мегӯянд, дар дохили кишвар ҷойи кори муносиб надоранд ва умедашон ҳарчӣ зудтар боз шудани роҳ ба Русия аст.

Солона аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва дармондани мардуми зиёде дар кишвар, сабаби афзудани бекорӣ ва кам шудани даромади оилаҳо дар Тоҷикистон шуд.

XS
SM
MD
LG