Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CҶТ: "Гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон дар ҳафтаи гузашта 17 дарсад коҳиш ёфт"


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми феврал эълом кард, ки дар ҳафтаи аввали моҳи феврал ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон то 17 дарсад ва маргумир аз ин беморӣ ҳудуди 10 дарсад кам шудааст. Оморҳои ин ниҳоди байналмилалӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар чаҳор ҳафтаи ахир мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Аз якум то ҳафтуми феврал тақрибан 3 миллиону 157 ҳазор нафар дар саросари дунё ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки назар ба ҳафтаи пеш аз он 17 дарсад камтар будааст. Дар ҳафтаи гузашта бар асари ин беморӣ 88 ҳазору 349 нафар ҷон бохтанд, ки назар ба ҳафтаи қаблӣ 10 дарсад кам будааст.

Омори нашршуда аз тарафи Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нишон медиҳад, ки дар як соли гузашта аз оғози пандемияи КОВИД-19 то ҳафтуми феврали соли 2021 наздик ба 105 миллиону 429 ҳазор нафар дар дунё ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва беш аз 2 миллион нафар низ бар асари он ҷон бохтанд.

Коҳиши мизони гирифторӣ ба ин беморӣ дар ҳафтаи гузашта дар Африқо 22 дарсад, Аврупо 19 дарсад ва Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ 17 дарсад будааст. Ба ҳамин тартиб, омори маргумир аз КОВИД-19 дар ин манотиқ мутаносибан 30 дарсад, 13 дарсад ва 4 дарсад гузориш шудааст.

Оморҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ нишон медиҳад, ки дар ҳафтаи гузашта дар Амрико беш аз 871 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Шумораи гирифторон ба ин беморӣ аз якум то ҳафтуми феврал дар Бразил 328 ҳазор, дар Фаронса беш аз 136 ҳазор, дар Бритониё беш аз 133 ҳазор, Русия беш аз 116 ҳазор, Италия беш аз 83 ҳазор, дар Испания беш аз 82 ҳазор, дар Ҳинд ва Инданезия беш аз 80-ҳазорӣ ва дар Мексика беш аз 70 ҳазор нафар будааст. Мизони аз ҳама камтари гирифторӣ ба ин беморӣ дар кишварҳои шарқи Баҳри Миёназамин сабт шудааст.

Кишварҳо умедворанд, ки бо амалӣ кардани барномаи ваксиназании умумӣ битавонанд аз паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ кунанд ва ба ин бӯҳрони ҷаҳонӣ поён диҳанд. Бо ин вуҷуд, дар бархе кишварҳо раванди ваксиназаӣ ба кундӣ пеш меравад. Тедрос Гедрейеус, раиси СҶТ ахиран гуфт, ки ҳанӯз дар 120 кишвари ҷаҳон бо 2,5 миллиард нафар аҳолӣ, ҳатто як ваксина гузаронида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ваксиназании умумӣ аз моҳи декабр ва январ дар бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Бритониё ва Олмон оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳам мақомот мегӯянд, ки тайи чанд ҳафтаи ахир мавридҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар кишвар сабт нашудааст. Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (охири моҳи апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.

XS
SM
MD
LG