Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Узбекистон моҳи октябр баргузор мешавад


22 декабри соли 2019, интихоботи парлумонии Узбекистон
22 декабри соли 2019, интихоботи парлумонии Узбекистон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни тағйири санаи баргузории интихоботи президентиро имзо кард. Бар асоси ин қонун, ки 8-уми феврал имзо шуд, интихоботи президентӣ, парлумонӣ ва маҳаллӣ ҳар якшанбеи аввали даҳрӯзаи охири моҳи октябр баргузор мешавад. Имсол ин сана ба 24-уми октябр муносиб омад. Дар гузашта интихобот дар панҷ сол як бор рӯзи якшанбеи аввали даҳрӯзаи охири моҳи декабр баргузор мешуд.

Вакилони маҷлис моҳи январ ин пешниҳодро карда гуфтанд, ки интихоботи моҳи декабр ба фаъолиятҳои сиёсӣ, қабули барномаҳои нави ҳукумативу дигар ислоҳот таъсири манфӣ мегузорад. Вале бархе мунаққидон гуфтанд, ки дар асл сабаби асосии тағйири санади интихобот ин аст, ки моҳи декабр маъмулан ҳукумат барои мушкилот дар бахши таъминот бо гармиву дигар эҳтиёҷот дар мавсими зимистон таҳти интиқоди шадид қарор дорад.

Интизор меравад, ки Мирзиёев дар интихоботи навбатӣ иштирок мекунад. Ӯ декабри соли 2016 баъди даргузашти президенти худкома Ислом Каримов дар интихобот пирӯз шуда, раҳбарии кишвари иборат аз 32 миллион аҳолиро ба ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG