Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб 7 афсари милисаро дастгир кардаанд


Намояндагони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки дар соли гузашта 7 маъмури милиса (милитсия)-ро дастгир карда, то ин дам парвандаи шаш нафари онҳоро ба додгоҳ фиристодаанд.

Рустам Маҳсиддинзода, масъули Оҷонсӣ, рӯзи 4-уми феврал гуфт, боздоштшудаҳо ба "қаллобӣ ва ришватхориву суистифода аз мансаб" гумонбаранд.

То кунун вакилони мудофеъ ва наздикони маъмурони дастгиршудаи милиса дар бораи қазияашон суҳбат накардаанд. Инчунин, шароити боздошти онҳо рӯшан нест.

Яке аз онҳо Муҳаммад Одинаев, корманди шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб будааст. Дар Оҷонси зиддифасод гуфтанд, ӯ ба тамаъҷӯӣ ва гирифтани "пора" ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ муттаҳам аст.

Рустам Маҳсиддинзода мегӯяд, "нисбат ба Одинаев бо моддаҳои 247 (қисми 4), 250 (қисми 2) ва 250 (қисми 3) парванда боз шуда, дар додгоҳ қарор дорад."

Дар ҳоле ки назари ҷониби дигар дастрас нест, додситони Кӯлоб Раҳмоналӣ Имомзода гуфт, "айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 14 сол зиндон талаб кардааст. Додрас дар хонаи машваратӣ қарор дорад."

Пештар мақомот дар бораи боздошти Сулҳиҷони Нозим, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Носири Хусрав хабар дода, гуфта буданд, ӯ ба суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории санад ё далелҳо ва қаллобӣ муттаҳам аст. Вале ҷузъиёти парвандаи ӯ низ ошкор нашуда, мавқеи худу пайвандонаш маълум нест.

Номи милиса, ҳомии ҳуқуқу масъули тартибот, дар солҳои охир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасоди молӣ ва шиканҷа зикр шудааст. Дар як пурсиши афкори умум, ки соли 2015 Оҷонси зиддифасод анҷом дода буд, таъкид мешавад, сокинони зиёди Тоҷикистон ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва милисаҳоро ба фасодкорӣ гумонбар медонанд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, аз он замон то кунун, зоҳиран, вазъ тағйири ҷиддӣ накардааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2020 раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар изҳороте саҳми милисаҳои тоҷикро барои мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишвар муҳим донист.

Қарор аст, ба зудӣ барномаи ислоҳот дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ хотима ёфта, милисаи тоҷик расман ба полис табдили ном кунад.

Як ҳадафи барнома ин аст, ки ходимони полис, ба монанди ҳамкасбони хориҷиашон дар Аврупову Амрико, бештар машғули таҳқиқу ифшои ҷиноятҳо, ҳимоят аз амнияту ҳуқуқи шаҳрвандон бошанд ва сохторҳои дигари марбут ба он, масалан, хадамоти сӯхторнишонӣ, фаъолияти ҷудогона ба роҳ монанд.

Ба назари фаъолони ҳуқуқи башар, мушкили асосӣ дар ислоҳоти низоми милиса на ба табдили ном, балки зарурати тағйири бунёдии кору пайкори ходимони ҳифзи ҳуқуқ рабт мегирад.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, стратегияи ислоҳоти милисаи тоҷик дар он сурат натиҷа хоҳад дод, ки худ риояи қонунро дуруст иҷро кунанд ва маошу даромади расмиашон ба ҳадде боло равад, ки ҷое барои ришвату фасод намонад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG