Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд" ВИДЕО


Додситонӣ баъди муроҷиати ҳамсари Ҳамза Солеҳов ба зидди афсарони милиса парванда боз кардааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки додситонӣ ба зидди чаҳор афсари вазорат, барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар раёсати умури дохилии Душанбе ва Аваз Сабзаеву Икромиддини Аҳлиддин - кормандони идораи мазкур ба он гумонбар мешаванд, ки бо ифтитоҳи парвандаи сохта ба зидди як сокини Душанбе, аз ӯ ҳазорон доллар ришва хостаанд. Як муфаттиши дигар ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад.

Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли катбии Радиои Озодӣ гуфт, “Нисбати онҳо аз тарафи прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, тафтишот идома дорад ва аз рафти тафтиши ин парванда худи прокуратура метавонад, ба шумо иттило диҳад.”

Нусхае аз санади муфаттиши додситонӣ дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани “ҳомиёни қонуну тартибот” ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки муҳтавои он шабеҳи филмҳои детективист.

Дар санад омадааст, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Ҳайдар ном фарди дигар рӯзи 7-уми январ беиҷоза ба хонаи Хуршед Абдуҳалимов - аз ҳамкорони собиқи худ ворид шуда хостаанд, ки дар хонаи ӯ маводи мухаддир гузоранд.

Парвандае, ки мисли филмҳои детективист

Ҳамза Солеҳов, додарарӯси Хуршед Абдуҳалимов, ки аз ҷабрдидагони аслӣ дар ин парванда ба ҳисоб меравад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар умум панҷ нафар ӯро дар Душанбе дастгир карданд ва ба хонаи язнааш оварда, хостанд, дар онҷо маводи мухаддир гузоранд.

Ба навиштаи додситонӣ, дар айни талоши гузоштани маводи мухаддир соҳибхона Хуршед Абдуҳалимов омадааст ва “Нурхонов Ф. аз ин кор худдорӣ карда”, вале "ба худсариаш идома додааст".

Баъди ин ба навиштаи муфаттиш, афсарони милиса Ҳамза Солеҳовро "бо зурӯ таҳдид ба манзили навсохти модарарӯсаш бурда" ба ин хона "ғайриқонунӣ ворид шуда" ва дар сақфи хона “як адад чизеро мегузоранд” ва сипас ба Фарҳод Нурхонов мегӯянд, ки "кор тамом”.

Баъдан аз ҳамон ҷо “як адад салафани полиэтилениро гирифта, бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ Ҳамза Солеҳовро ба Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мебаранд.”

"Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:27 0:00

Дар матни пешниҳоди муфаттиши додситонӣ омадааст, ки "баъдан Ҳамза Солеҳовро дар ошёнаи якуми раёсат шиканҷа мекунанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад".

Ҳамза Солеҳов рӯзи 15-уми феврал зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ тасвир кард, ки “маро ба нерӯи барқ монданд, то ба ҳадде ки чашмонам аз сарам мебаромад.”

Муфаттиши додситонӣ дар қарор чунин навиштааст: “Нисбати Солеҳов Ҳамза бо истифодаи қувваи барқ шиканҷаро раво дида, боз ба қисмати рӯй ва гӯшаш ҷароҳат расонида" аз ӯ дар бораи эътирофи иттиҳом дар баёнот имзо гирифтаанд.

Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд

Ҳамза Солеҳов аксҳоеро ба Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар он осори ҷароҳат дар гӯш ва дигар аъзои баданаш дида мешавад.

“Дастонам дар пушт баста буд, дар болоям одам баромада ва ба нерӯи барқ монданд. Ҳис кардам, ки нерӯи барқ мезанад, дод задам, ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд."

Ҳамза Солеҳов гуфт, ба ҳадде ӯро азоб доданд, ки розӣ шуд, зери ҳар санад имзо мегузорад ва имзо ҳам гузошт.

Дар санади додситонӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки ташхиси судиву тиббии Ҳамза Солеҳов дар рӯзи 12-уми январ нишон додааст, ки дар воқеъ Ҳамза Солеҳов аз чанд ҷояш ҷароҳат бардоштааст ва зоҳиран баъзе аз аломатҳои захм аз таъсири нерӯи барқ аст.

Ҳамза шиканҷа шуданашро тасвир мекунад.
Ҳамза шиканҷа шуданашро тасвир мекунад.

“Ҷароҳатҳои ангушти дастон ва думбаи тарафи рост дар бадани Ҳамза Солеҳов эҳтимолан аз таъсири ҷараёни барқ мебошад”, – омадааст дар матни додситон.

Муфаттиши додситонӣ ҳамчунин навиштааст, ки муттаҳам ба ҷиноят, Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев, ҳамкори собиқи худ Хуршед Абдуҳалимовро ба ҷое даъват карда ва таҳдид карданд, ки "агар 5000 доллар надиҳад, ба зидди ӯ ҳам бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир парванда боз мекунанд".

Ҳамза Солеҳов мегӯяд, язнааш Хуршед Абдуҳалимов дар гузашта ҳамроҳ бо ин афсарон кор мекардааст ва ӯ намедонад, ки чаро онҳо мехостанд, ҳамкори собиқашонро бо иттиҳомоти сохта ба зиндон андозанд.

Ба гуфтаи муфаттиш, Хуршед Абдуҳалимов баъди исрори зиёд 2800 долларро “ба шахси Нурхонов фиристодааст ва ӯ гирифтани маблағи пулиро тасдиқ кардааст".

Додситонӣ мегӯяд, бо миёнаравии Нурхонов, ба қазия ҳамчунин майори милиса Умед Ваҳҳобов, муфаттиши калони Раёсати умури дохилӣ ҳамроҳ мешавад.

Боздошти муфаттиш барои талаби ришва

Дар қарор омадааст, ки Умед Ваҳҳобов ба Хуршед Абдуҳалимов ваъда медиҳад, ки дар ивази 2000 доллар метавонад, худи ӯро комилан аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунад ва парвандаи додарарӯсашро сабуктар созад.

Муфаттиши калон барои ришвахорӣ боздошт шудааст ва дар утоқи кориаш, 1600 доллареро пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи додситонӣ рӯзи 11-уми январ аз Хуршед Абдуҳалимов ситонидааст.

Насрулло Каримов - муфаттиши Додситонии кулл, ки ба тафтиши парванда машғул аст, рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиш идома дорад, вале ҷузъиёти онро шарҳ надод.

Фирӯза Талибова, вакили мудофеъи Ҳамза Солеҳов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни тафтишот “ҳамаи ҳолатҳои шиканҷа тасдиқ шудаанд.“

Додситонии Душанбе фақат баъди муроҷиати ҳамсари Ҳамза Солеҳов, ки дар идораи умури дохилӣ сару сурати варамидаи ӯро дидааст, ба зидди афсарон парванда боз кардааст.

Фарҳод Нурхонов, афсаре, ки аз омилони аслии шиканҷа ба ҳисоб меравад, ва гуфтаи вакили дифо ва ҳам Ҳамза Солеҳов, дар ҷараёни тафтишот дар ҳеҷ бозпурсӣ ҳузур надоштааст.

Як манба дар вазорат гуфт, ки зоҳиран ӯ фирор кардааст ва ҳоло таҳти ҷустӯҷу қарор додааст. Ҳамза Солеҳов гуфт, умедвор аст, тафтишот одилона сурат мегирад ва гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG