Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон гуфт, ки дар як соли раисиаш дар СҲШ чӣ кор мекунад. ВИДЕО


Нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2019 дар Тошканд.

Мақомоти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки кишвар дар як соли раёсаташ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бештар масоили рафъи оқибатҳои пандемияи COVID-19 барои кишварҳои узвро матраҳ мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури хориҷӣ, таъсиси бонки муштараки созмон, тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ аз дигар ҳадафҳои Тоҷикистон дар замони раёсати яксолааш аст.

Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: "Ҳадафи дигар нигаҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақаи созмон, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътибор, тақвияту васеъ намудани мавқеи байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, такмили заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии созмон ва ниҳоятан тавсиаи абзорҳои ҳамкорӣ аст”.

Тоҷикистон раҳбари даврии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Дар ин нишаст гуфтанд, ки нахустин бор дар бист соли фаъолият, суруд ё гимни ин созмон таҳия шудааст ва интизор меравад, роҳбарони кишварҳои узв дар ҳамоиши Душанбе онро тасдиқ кунанд. Шӯҳрат Собирзода, намояндаи вазорат дар ин бора гуфт: “Ҳамаи он чорабиниҳое, ки раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур дар бар гирифтааст, ин тасмими ҷониби Тоҷикистон аст. Пешниҳод ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон аст. Анъанавӣ аксари онҳо дар кишвари раисикунанда баргузор мешаванд.”

Дар барномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар давраи раёсаташ мулоқоти роҳбарони вазоратҳои мухталифи кишварҳои узв дар назар аст. Баргузории бозиҳои варзишӣ ва фестивали таомҳои миллии кишварҳои узви созмон аз пешниҳодҳои дигари Душанбе дар замони раёсаташ дар созмон будааст.

Ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Тоҷикистону Чин, Ҳинду Қазоқистон, Қирғизистону Покистон ва Русияву Узбекистон шомил ҳастанд. Созмон соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Чин таъсис ёфтааст. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шанхай" таъсис ёфт ва ҳадафаш ҳалли баҳсҳои марзӣ байни Чин ва кишварҳои тозаистиқлоли Шӯравии пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.

Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар созмон мавқеи нозирро доранд. Раёсати давраӣ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай моҳи ноябри соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Кумитаи тадорукоти раёсати Тоҷикистон дар созмон таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз муддатҳо қабл ба фаъолият оғоз кардааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG