Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар 3 соли оянда нақшаи қарз гирифтан аз Чинро надорад


Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, президентҳои Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, президентҳои Тоҷикистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, кишвар дар се соли оянда нақшаи гирифтани қарз аз Чинро надорад ва интиқодҳо дар бораи онки қарзи зиёд Душанберо вобастаи Пекин мекунад, нодуруст аст. Ин посухи Вазири молия ба ибрози назари як муҳаққиқи амрикоӣ мебошад, ки гуфт, "қарзҳои зиёд Тоҷикистонро пойбанди Чин мекунад".

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, гуфтаи муҳаққиқи амрикоӣ дар бораи вобаста шудани Душанбе аз Пекин "танҳо назари як коршинос аст" ва онҳо наметавонад пойбанди он бошанд. Бо ин ҳама, ҷаноби Қаҳҳорзода гуфт, Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки ҷуғрофияи қарзгириаш танҳо ба як кишвар маҳдуд нашавад ва Душанбе аз Аврупову Амрико низ қарз дарёфт кунад.

"Мо ҳавасманд ҳастем, ки нафақат бо Чин, балки бо дигар кишварҳо равобити хуби иқтисодӣ дошта бошем. Ҳавасманд ҳастем, ки ҷуғрофияи қарзгирии мо бо якчанд кишвар маҳдуд нашавад. Бо кишварҳои аврупоӣ ҳам корбарӣ карда истодаем",-гуфт Вазири молия.

Назари Вазири молияи Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як муҳаққиқи амрикоӣ соли гузашта гуфта буд, Душанбе бо гирифтани қарзҳои зиёд бояд андеша кунад, ки ба куҷо меравад. Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер, муаллифи назарияи "Дипломатияи қарзҳои чинӣ" дар сурати беэҳтиётӣ, метавонад захираҳои табиии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад.

Сэм Паркер гуфт, агар Тоҷикистон саривақт ин қарзҳоро бозгардонда натавонад, мисле, ки мо медонем, истихроҷи чандин конҳои тило ва нуқра ба Чин дода шуданд, ҳамин намуна ба одат табдил хоҳад ёфт.

"Дар натиҷа фоидаи ин захираҳо на ба Тоҷикистон, балки ба Чин мерасад. Ҳол он, ки ин захираҳо шояд хеле бузургтар аз қарзҳо бошанд ва бояд ба мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хидмати дарозмуддат кунанд",-афзуд Сэм Паркер.

Аммо Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия мегӯяд, "коршинос фикри худро дорад" ва Тоҷикистон дар самти баргардондани қарзҳои Чин ягон мушкил надорад.

Тибқи омори тозаи Вазорати молияи Тоҷикистон, феъан Душанбе аз Пекин 1,1 миллиард доллар қарздор аст. Қарзи Чин нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари созмони "Роҳи Абрешим" мегӯяд, қарзи Тоҷикистон аз Чин "лабрез" шуд ва мумкин танҳо баъди 3 ё 5 соли дигар дубора имкони гирифтани қарз аз Пекин пайдо шавад. Манзури ин коршинос аз "лабрез" ин аст, ки қарзи Тоҷикистон ба марзи 40 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ наздик шудааст ва кишвар аз ин бештар наметавонад аз хориҷа, аз ҷумла аз Чин маблағ бигирад.

Ба таъкиди коршинос, майли зиёди Душанбе барои гирифтани қарз аз Чин ба он бармегардад, ки институтҳои дигари молиявии ҷаҳон ҳозир нестанд ин миқдор маблағро ба Тоҷикистон бидиҳанд.

"Барои Амрико имрӯз шиор аст, ки "Амрико дар мадди аввал", яъне худашро фикр мекунад. Иттиҳоди Аврупо бошад ба "Брекзит" ва мушкилоти дохилии худаш машғул аст. Вақте дар ҷаҳон марказҳои молиявии дигар нест, ки мо ба онҳо муроҷиат кунем, дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гирифтани қарз аз Чинро идома доданамон даркор аст",-таъкид кард Маҳмадазимов.

Баҳси қарзҳои чинӣ барои Душанбе аз мавзуъҳои доғи иқтисодӣ дар солҳои ахир аст. Тарафдорони ин амр мегӯянд, Тоҷикистон барои рушди иқтисоди худ ба сармоя ниёз дорад ва вақте онро аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дарёфт намекунад, маҷбур аст рӯй ба Пекин орад. Аммо мухолифони гирифтани қарз аз Чин муътақиданд, ки Тоҷикистон ба ҷойи гирифтани қарзи зиёд аз Пекин беҳтар аст фазои сармоягузориро хубтар кунад, то сармояи кишварҳои дигар низ ҷалб шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG