Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷанг дар Афғонистон то вазъ дар Ховари Миёна. Сарони СҲШ дар Бишкек ҷамъ меоянд


Аз вазъи Афғонистон то Сурияву Ховари Миёна масоиле мебошанд, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкек баррасӣ хоҳад шуд.

Ин ҷаласа, ки ба қавли коршиносон, як майдони ҳамоҳангсозии дидгоҳҳои байналмилалии Русия ва Чин бо шариконашон дар минтақа арзёбӣ мешавад, қарор аст, рӯзҳои 13 ва 14-уми июн бо ширкати раҳбарони кишварҳои аъзо баргузор шавад.

Барои ширкат дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар раҳбарони кишварҳои аъзо, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон омодагӣ нишон додаанд.

Барои Қосимҷомарт Тоқаев ин аввалин сафари хориҷӣ дар мақоми президенти Қазоқистон мебошад. Интихоботи президентии рӯзи 9-уми июн, ки Тоқаев дар он ба пирӯзӣ расид, норозигиҳоеро дар пай дошт. Дар ҷараёни ин интихобот беш аз 700 нафар боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ҳам моҳи май дар интихобот баранда ва барои мӯҳлати дуюм раҳбарии ин кишвари дорои беш аз 1 миллиард ҷамъиятро ба ӯҳда гирифт ва баъди ин интихобот бори аввал дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунад. Ҳинду Покистон ду сол пеш ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд.

Раҳбарии СҲШ ба Русия мегузарад

Дар Маскав ёвари президенти Русия Юрий Ушаков баъд аз зӯҳри 11-уми июн дар як нишасти матбуотӣ барномаи кори Владимир Путинро дар чаҳорчӯби нишасти сарони СҲШ шарҳ дод ва гуфт, "қарор аст, вазъи имрӯза ва рушди ҳамкориҳо дар ин созмон дар мубориза бо чолишҳое ба мисли терроризм, амният, қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шавад. Инчунин, масоили марбут ба рушди иқтисоду саноат ва ҳамкорӣ дар бахши гуманитарӣ матраҳ мешавад".

Ушаков гуфт, аз миёни масоили байналмилалӣ вазъи Афғонистон ва Ховари Миёна ба таври ҳатмӣ баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин чаҳорчӯб мавзӯи Сурия ва "роҳҳои ба эътидол овардани вазъи ин кишвар", калидӣ хоҳад шуд. "Путин бо раҳбарони кишварҳои СҲШ мулоқоти дуҷониба ҳам доир мекунад",-гуфт Ушаков.

Қарор аст, раҳбарии давраии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои солҳои 2019-2020 ба ӯҳдаи Русия гузарад ва ин қарор дар ҷараёни ҷаласа эълон мешавад.

Минбари муносиб барои Чин

Яке аз аввалинҳо шуда дар бораи нақшаҳои кор дар Бишкек ҳукумати Чин хабар дод. Вазорати умури хориҷии ин кишвар гуфт, дар ҷараёни ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай президент Сӣ Ҷинпин дар баробари масоили дигар, дар бораи ихтилофҳои тиҷоратии ИМА ва Чин сӯҳбат мекунад.

"Тарзи вокуниш ба талошҳои фишороварии ИМА ва тадбирҳои ҳимоятгаронаи онҳо на танҳо барои Чин муҳим аст, балки ба таври мустақим бо эҳёву рушди иқтисоди ҷаҳонӣ бастагӣ мегирад",-гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Чин Ҷан Ҳанҳуэй.

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп моҳи гузашта нисбат ба Чин таҳрими тиҷоратӣ ҷорӣ кард ва ба маҳсулоти содиротии Чин дар ҳаҷми 25 дарсад молиёт ҷорӣ намуд. Вашингтон гуфтааст, ки ширкатҳои фанноварии Чин, мисли тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳи навъи Huawei асрори тиҷоратиро дуздида, хатари ҳамлаҳои интернетӣ эҷод мекунад.

Вале Чин гуфтааст, Амрико нигарониҳои амниятиро "аз будаш бадтар" нишон дода, бо ин роҳ мехоҳад имкониятҳои бозорёбии рақибони воқеиро маҳдуд кунад. Трамп гуфтааст, агар моҳи оянда Ҷинпин бо ӯ дар чаҳорчӯби "Гурӯҳи 20" мулоқот накунад, тадбирҳои шадидтар рӯи даст хоҳанд гирифт.

Зимнан, кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон аз шарикони наздики иқтисодии Чин ба шумор мераванд ва уфтухезҳои бозор дар ин кишвар ба иқтисоди ин кишварҳо ҳам таъсиргузор мешавад.

Ба андешаи Брюс Паннир, шореҳи масоили байналмилалӣ дар Радиои Озодӣ, аз ин рӯ, барои арзи мавқеи раҳбари Чин дар робита бо "ҷанг"- тиҷоратии Чину Амрико, нишасти СҲШ муносибтарин мавқеъ мебошад. Чун дар ин муҳит, ба гуфтаи ӯ, "фазои ҳавохоҳӣ" фароҳам мешавад.

"Мо дар гузашта дида будем, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой як имкони дигари ҳамоиш ёфтани ин кишварҳо, бахусус дар қиболи Ғарб шудааст. Чунки ҳар як ҷониб медонад, ки ширкатдорон бо ҳама мавқеъву назарҳо розӣ мешаванд",-афзуд ӯ.

"Хомӯшӣ"-и СҲШ дар баробари саркӯбҳо

Брюс Паннир гуфт, ҳамин созмон буд, ки дар пасманзари фишорҳои Ғарбу Аврупо дар пайи куштору саркӯби эътирозгарон дар Андиҷон соли 2005 аз ҳукумати Ислом Каримов пуштибонӣ кард. Ӯ гуфт, дар нишасте, ки чанд ҳафта баъди ҳаводиси Андиҷон барпо шуд, сарони кишварҳои узви СҲШ гуфтанд, зарурате барои баргузории таҳқиқоти байналмилалии хушунатҳои Андиҷон вуҷуд надорад ва чанде баъд аз минбари ҳамин созмон даъвати тарки пойгоҳи Хонобод кардани низомиҳои амрикоӣ садо дод.

Дар ҳодисаҳои 14 соли пеш дар пайи эътирози гурӯҳи сокинони Андиҷон аз додгоҳҳои ноодилона, милиса ва нерӯҳои ҳукуматӣ даст ба куштори мардум заданд. Дар ин ҳодисаҳо, ба иттилои манобеи расмӣ 187 нафар ва бар пояи ҳисобҳои ҳомиёни ҳуқуқ, садҳо нафар қурбон шуданд.

Равобити ҳукумати Каримов бо Ғарбу Амрико, ки Узбекистонро бо панҷаи оҳанинаш раҳбарӣ мекард, ниҳоят бад шуд ва дар дохили кишвар маҳдудиятҳои шадиди сиёсӣ ҷорӣ гардид. Баъди сари Каримов дар соли 2016, президент Мирзиёев гуфт, ислоҳоти сиёсӣ роҳандозӣ мекунад, вале ин талошҳо ҳам ахиран мавриди интиқоди бархе гурӯҳҳо шудааст.

Созмоне, ки ҳуқуқи башар дар мадди назараш нест

Тавре таҷрибаи 18 соли фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нишон дод, масоиле ба монанди ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва арзишҳои демократӣ дар мадди назари ин созмон қарор надорад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони дигар, маҳфили Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар он ҳарфи ниҳоиро маъмулан президенти Русия Путин мезанад, як ҳамоиши раҳбарони рӯ ба Кремл аст, ки барои баррасии масоили мавриди нигаронии ҳукуматҳо ва ҳам дарёфти кӯмаку пуштибониҳои сиёсӣ аз ҳамдигар созмон ёфтааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 дар шаҳри ҳамноми чинии он бо ширкати шаш кишвар -- Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон таъсис ёфта, соли 2017 аз ҳисоби Ҳинду Покистон тавсеа ёфт. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG