Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дариға Назарбоева аз ҳисоби ҳизби падараш вакили порлумон мешавад


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон дар рӯйхати номзадҳои худ ба мақоми вакилии Маҷлис, палатаи поёнии порлумон номи Дариға Назарбоева, духтари президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро низ пешниҳод кардааст.

Ба ҷуз ин, раиси кунунии порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири он кишвар Аскар Мамин низ дар рӯйхати номзадҳои ҳизби "Нур Отан" шомил шудаанд.

Дариға Назарбоева 57-сола то моҳи майи соли гузашта раиси сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон буд. Дертар ваколати ӯро президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бекор кард ва сабаби ин қарор низ шарҳ дода нашуд.

Назарбоева баъди истеъфои падари худ аз мақоми президентӣ раиси сенати Қазоқистон интихоб шуда буд. Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, раиси сенат шахси дувуми кишвар ба ҳисоб рафта, дар ҳолати истеъфо ё марги президент вазифаҳои ӯ ба ихтиёри раиси сенат мегузаранд.

XS
SM
MD
LG