Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимиту ҳавои сард нархи ангиштро боло бурд. Тоҷирон: "Аз Қирғизистон гарон меоранд". ВИДЕО


Тоҷирон мегӯянд, ангиштро аз Қиризистон меоранд

Ҳавои сард ва ҷорӣ шудани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ нуқтаҳои фурӯши ангиштро дар шимоли Тоҷикистон якбора серодам кардааст.

Сокинон мегӯянд, агар вазъ аз як тараф бозори тоҷирони ангиштро гарм кард, аз сӯи дигар ба болоравии нархи он сабаб шуд.

Арзиши як кило ангишт рӯзи 8-уми январ дар маҳаллаҳои атрофи Хуҷанд то ба марзи ду сомонӣ расид. Дар ҳоле ки ба қавли сокинон як ҳафта пеш аз як то якуним сомонӣ савдо мешуд.

Аҳмадҷон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт: “Аввал 80 дирам буд, баъд 1 сомониву 20 дирам шуд. Имрӯз 1 сомониву 90 дирам аст. Дар масъалаи нарх ягон хел назорат нест. Кӣ назорат мекунад?”

Тоҷирони ин навъи сӯзишвории муҳим дар фасли зимистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ангиштро аз Қирғизистон меоранд ва нархи он ба омилҳои гуногун вобаста аст. Яке аз тоҷирон омилҳоро чунин баршумурд:

  • Коҳиши қурби пули миллӣ
  • Кам шудани воридот
  • Паст будани сифати ангишти дохилӣ.

Ҳоло арзиши як кило ангишти истеҳсоли Тоҷикистон тақрибан як сомонӣ аст. Бино ба ҳисобҳои Оҷонси омор, дар соли 2020 нархи ангишт дар кишвар наздик ба 13 дарсад афзудааст.

Саидҷон, фурӯшандаи ангишт мегӯяд, “дар муқоиса ба соли гузашта 30-40 дирам гарон аст. Ба мо ҳам бо нархи гарон меоранд. Ба болояш фақат 5 дирам илова мекунему мефурӯшем. Намедонем, ки чаро ангиштро қимат меоранд.”

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҳамзамон бо лимити барқ дар Суғд нархи ангишт боло рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Моҳи январи соли 2017 мақомоти энержии Тоҷикистон эълон карданд, ки тавлиди нерӯи барқ дар кишвар ба сатҳи кофӣ расидааст ва лимит моли таърих мешавад. Бозгашти лимит дар зимистони имсола сокинонро ғофилгир кард.

Аҳмадҷон, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, “бо дастгоҳҳои барқӣ гарм кардани хонаҳо андаке камхарҷ аст. Дар ду соат 50 дирам сарф мешуд, дар шабонарӯз – 10 сомонӣ. Бо ангишт харҷ зиёдтар шуд. Дар шабонарӯз то 50 сомонӣ сарф мешавад. Хеле гарон меуфтад.”

Ширкати "Барқи Тоҷик" рӯзи 5-уми январ аз оғози лимити барқ барои аҳолии рустонишин хабар дод. Мақомот дар маҳалҳо ба сокинон гуфтаанд, вазъияти пешомада аз табиат вобастааст ва бино бар ин аз мардум хостаанд, барои гарм кардани хонаву пӯхтани хӯрок аз сӯзишвориҳое ба монанди ҳезуму таппак истифода кунанд.

Аммо ба далели он ки мақомот аксар вақт аз посух гуфтан ба суоли хабарнигорон дар ин бора дурӣ меҷӯянд ва обанбору рӯдҳоро нишон намедиҳанд, шубҳаҳо ба шарҳи расмӣ вуҷуд дорад. Илова ба ин мақомот расман нагуфтаанд, ки ин шабу рӯх ба хориҷа барқ содирот мекунанд ё не.

Ҳоло дар маҳалҳо интиқоли барқро аз соати 11-и шаб то 6-и субҳ қатъ мекунанд, аммо рӯшан нест, кай манбаи гармиву рӯшноӣ доимӣ хоҳад шуд. Мақомот онро ба беҳтар шудани ҳаво ва бештар шудани оби рӯдхонаву обанборҳо ҳавола кардаанд

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG