Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бе барқ хона мисли яхдон аст." Сокинони баъзе аз баландошёнаҳо гуфтанд, ки лимит ба онҳо ҳам расид.ВИДЕО


Сокинони баландошёнаҳо дар Ваҳдат гуфтанд, камбуди барқ зиндагиашонро мушкил кардааст
Сокинони баландошёнаҳо дар Ваҳдат гуфтанд, камбуди барқ зиндагиашонро мушкил кардааст

Ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити интиқоли нирӯи барқ дар Тоҷикистон дар замоне сурат гирифт, ки ба қавли обу ҳавошиносон дар кишвар сардии "сибирӣ" ҳукмфармост. Дар ҳоле ки намояндагони "Барқи Тоҷик" 5-уми январ гуфтанд, интиқоли барқро аз соати 23 то 6-и субҳ ба манзили аҳолии рустонишин қатъ мекунанд, баъзе аз сокинони баландошёнаҳо дар атрофи Душанбе мегӯянд, лимити барқ нисбат ба онҳо низ татбиқ шуд.

"Чӣ хел хонаро гарм кунем?"

Сокинони маҳаллаи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат, ки аксаран дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, рӯзи 6-уми январ гуфтанд, танҳо соати панҷи субҳ барқ гирифтанд. Соҳибони ҳавлиҳо дар ин минтақа тибқи маъмул аз оташдону сандалӣ истифода мекунанд, аммо мақомот ба бошандагони баландошёнаҳо насби бухориро иҷоза надодаанд.

Достӣ Беков дар як бинои панҷтабақаи бетонӣ дар шаҳраки Наврӯз зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, шаби гузашта интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои онҳо низ қатъ шуд ва ҷойи гармашонро сард кард.

Баъзе сокинон маҷбур шудаанд дар баландошёнаҳо ҳам бухорӣ насб кунанд
Баъзе сокинон маҷбур шудаанд дар баландошёнаҳо ҳам бухорӣ насб кунанд

"Агар барқ набошад, дар хонаҳои бетонӣ азоб мекашем. Илоҷаш бошад, раиси барқ ё ҳукумат масъалашро бинанд. Мо хонаҳоямонро чӣ хел гарм кунем? Бухориҳои барқиро истифода бурдан мумкин нест, печка намешинонем. Бояд моро камтар фаҳманд ва ё фаҳмонанд, ки чӣ кор кунем, то хона гарм шавад", -- гуфт ин сокини шаҳри Ваҳдат.

Сокинони баландошёнаҳо дар ҳоле аз хомӯш кардани барқ шикоят доранд, ки ширкати “Барқи Тоҷик” ваъда дода буд, лимит танҳо ба сокинони деҳот дахл дорад. Ба онҳое, ки роҳҳои алтернативии гарм кардани хонаву пӯхтани хӯрокро доранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Дар Тоҷикистон таъмини нерӯи барқ маҳдуд шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Баъзе аз сокинон ба мисли Хӯҷабек Нуров, сокини шаҳри Ваҳдат, мегӯянд, бо вуҷуди таъкидҳои мақомот маҷбур шудаанд дар хонаҳои баландошёна бухорӣ насб кунанд. Нуров гуфт, дар ошёнаи дувум ҳастанд ва хонаро бо ангишт гарм мекунанд.

Дар муқоиса бо сокинони биноҳои баландошёна вазъи соҳибони ҳавлиҳо беҳтар ба назар мерасад. Зеро онҳо ҳадди ақал интихоби дигаре доранд ва метавонанд манзилҳои худро бо бухорӣ гарм кунанд.

Баъзе аз мутахассисони энергетика мегӯянд, ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳот аз ноилоҷӣ аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, мушоҳидаҳо аз соли 1932 нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳар 7-8 сол камобии сахт дар рӯдхонаҳои кишвар мушоҳида мешавад.

Баҳром Сироҷов
Баҳром Сироҷов

Баҳром Сироҷев, раиси пешини ширкати “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ гуфт, камобии имсол бо масрафи зиёди нерӯи барқ аз сӯи аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ аст.

Ба гуфтаи Сироҷов, "солҳои пеш вақте ки газ буду дигар маводи алтернативии гармидиҳӣ буд, истифодаи аҳолӣ 12-13 фоизи ҷамъи истеҳсоли барқро ташкил мекард. Ҳоло 45-50 фоиз шудааст. Таносубро таҳлил кунед. Таомпазӣ, гармкунии манзил, гарм кардани об 80 фоизи хароҷоти барқ дар рӯзгорро ташкил медиҳад. Яъне, сарфи нерӯи барқ дар кишвар 5-6 маротиба зиёд шудааст, бахусус, дар оилаҳо”.

Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар, аз ҷумла, коршиносон аз Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон бар ин назаранд, ки истифодаи кофӣ нашудан аз манбаҳои дигари тавлиди нерӯи барқ, аз ҷумла марказҳои барқу гармидиҳӣ ба мисли шаҳри Душанбе, сабаби сар задани бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар мешавад.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Душанбе дар шаҳрҳои дигар маркази гармидиҳӣ нест ва сокинони баландошёнаҳо барои гарм кардани хона аз дастгоҳҳои барқӣ истифода мекунанд. Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография мегӯянд, чунин нерӯгоҳҳои барқиву гармидиҳӣ бояд дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо сохта шаванд. Зеро танҳо маркази гармиву барқии пойтахти Тоҷикистон то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахтро ба нерӯи барқ таъмин месозад.

Моҳи январи соли 2017 мақомоти энержии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки тавлиди нерӯи барқ дар кишвар ба ҳаҷми кофӣ расидааст ва аз ин ба баъд ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ ё лимит дар кишвар моли таърих мешавад. Аммо зимистони имсол нишон дод, ки лимит дар Тоҷикистон ҳанӯз моли таърих нашудааст.

XS
SM
MD
LG