Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар арзёбии нав Эронро хатари "бадтарин"-и соли 2021 барои Исроил номидаанд


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, пайваста барномаҳои атомии Эронро як хатар барои амнияти миллии кишвараш номидааст. Акс аз соли 2018
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, пайваста барномаҳои атомии Эронро як хатар барои амнияти миллии кишвараш номидааст. Акс аз соли 2018

Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил INCC дар арзёбии стротегӣ ва ё роҳбурдии солонаи худ аз шароити амниятии Исроил дар соли 2021 Эронро "бадтарин таҳдид" хонда, аммо буҳрони дохилии Исроилро ҳам дар радифи яке аз се таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар тавсиф кардааст.

Дар арзёбии ин муассисаи таҳқиқотӣ, ки чанде пеш нашр шуд, омадааст, ки мавзеъгирии ҳукумати нави Амрико нисбат ба Эрон хатароти амниятӣ барои Исроил ва эҳтимоли заиф шудани раҳбарони сиёсии Исроил дар баробари Эрон ва минтақаро бештар мекунад.

Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил пешбинӣ кардааст, ки ҳарчанд ҳукумати Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико “мавзеъи дӯстона дар баробари Исроил хоҳад дошт, аммо бозгашти эҳтимолии он ба созиши атомӣ бо Эрон барои Исроил қобили таҳаммул нахоҳад буд ва аз ин рӯ Исроил бояд бо давлати нав дар Вашингтон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳадафи мойил кардани онҳо ба зидди Эрон гуфтугуҳои нав дошта бошад ва аз онҳо барои таъмини амнияти Исроил “замонат” бигирад. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард, ки дар аҳди Барак Обама имзо шуд.

Бар асоси ин арзёбӣ, Исроил бо ду сенарияи эҳтимолӣ дар заминаи Амрико-Эрон рӯ ба рӯст: “Аввал эҳёи гуфтугуҳои Амрикову Эрон дар бораи созиши атомӣ, ё идомаи корҳои Эрон барои дастёбӣ ба қудрати низомии атомӣ.

Муассисаи таҳқиқоти масоили амнияти миллии Исроил гуфтааст, ки дар хусуси ҳарду сенария Исроил бояд Амрикоро ба “иқдоми муштарак” бо худ бикашонад, то созиши дигаргунатар аз созиши атомӣ ба даст биёяд ва дар он банди сахте бошад, ки “назорати ҳарзамонӣ ва дар ҳарҷо барои маҳдуд кардани барномаи атомии Эрон” -ро дар назар бигирад.

Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил аз ду моҳи пеш, ки пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот қатъӣ шуд, пайваста такрор кардааст, ки Амрико набояд “ба созиши атомӣ бо Эрон бозгардад”. Як вазири исроилӣ низ гуфтааст, ки “бозгашти Амрико ба созиши атомӣ, яъне ҷанги Исроил бо Эрон.”

Бар асоси арзёбии Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил, агар Эрон ҳаракат ба сӯи расидан ба тавоноии атомии низомиро идома диҳад, Исроил бояд боз бо Амрико дар хусуси “иқдоми муштарак” ба тафоҳум бирасад ва гузинаи ҳамлаи низомӣ ба Эрон ва шароити онро баррасӣ кунад.

Дар арзёбӣ барномаи ҳастаии Эронро “бадтарин таҳдиди билқувва барои мавҷудияти Исроил” вале “хатари дарозмуддат” номидааст. Муассисаи мазкур ба се рӯйдоди амнияти вобаста ба Эрон дар соли 2020 ишора кардааст, ки ба мақомоти Эрон ба Исроил нисбат додаанд ва ё гуфтаанд, ки Исроил дар онҳо нақш доштааст. Террори Муҳсин Фахризода, “падари барномаҳои атомии Эрон”, қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи неруҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва таркиш дар таъсисоти атомии Натанз.

Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил навиштааст, ки аз назари Ҷумҳурии Исломӣ ҳануз Исроил “подоши ин амалҳояшро” нагирифтааст ва мумкин аст, Эрон саранҷом ба он иқдомот “посух бидиҳад.”

Эрон дар нахустин солгарди қатли Қосим Сулаймонӣ, ки рӯзи 3-юми январи соли 2020 дар ҳамлаи ҳавоии Амрико, дар Бағдод кушта шуд, гуфт аз ҳамаи онҳое, ки дар ин тарҳ нақш доштаанд, “интиқоми сахт” хоҳад гирифт.

Эрон ҳамчунин гуфтааст, ки шавоҳиди зиёде дар даст дорад, ки таркиш дар таъсисоти атомии Натанз ва террори Муҳсин Фахризода кори дасти Исроил аст. Мақомоти Тел Авив дар ин бора сукут ихтиёр кардаанд, вале рӯзномаи Ню Йорк Таймс, ба нақл аз мақомоти баландпояи амниятӣ ва манобеи Амрико Исроилро омили ин ду ҳодиса муаррифӣ кардааст.

Таҳдидҳои ҷиддӣ ва наздик барои Исроил

Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил ҳузури низомии Эрон, Ҳизбуллоҳ, ҳукумати Сурия, ниманизомиёни тарафдори Эрон, “иқдомоти таҳоҷумӣ аз ғарби Ироқ”-ро наздиктарин таҳдид барои Исроил тавсиф кардааст.

Дар арзёбии марказ омадааст, ки Исроил соли 2021 низ бояд фаъолона барои заиф кардани меҳвари эронӣ-шиа дар марзҳои наздик ба Исроил иқдом кунад. Манзур аз ин бахш идомаи ҳамалоти ҳавоии Исроил дар Сурия, Ироқ ва соири дигари нуқоти Ховари Миёна аст. Артиши Исроил тасдиқ кардааст, ки соли 2020 ба 500 ҳамла ба аҳдофи Эрону муттаҳидонаш “дар Сурия ва минтақа доштааст, аммо Эрон посух надодааст.”

Дар арзёбии Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил дар мавриди Лубнон низ гуфтаанд, ки буҳрони амиқи дохилии он кишвар дар соли 2021 идома мекунад, аммо ин амр “Ҳизбуллоҳро аз кӯшиш барои тақвияти низомӣ ва кумак ба созмондиҳии тарҳҳои террористӣ мавриди назари Эрон” бознамедорад. Ҳизбуллоҳи Лубнонро, як созмони шиамазҳаб аст, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳарчанд “душманон аз ҷанг бо Исроил ҳарос доранд, аммодаст ба дасти ҳам додаанд ва силсилаи рӯйдодҳое, ки ба як ҷанг дар ин сол сабаб шавад кам нест.”

Буҳрони дохилии Исроил яке аз се таҳдиди раҳбурдӣ

Арзёбии ин маркази мутолиотӣ ба давлати Исроил тавсия додааст, ки муносибот бо Аврупо ва ҷомеаи яҳудии амрикоиро, ки дар чиҳил соли ахир осеб дидаанд, бозсозӣ кунад. Ин муассиса навиштааст, ки тавофуқи сулҳ миёни Исроил бо чанд кишвари арабӣ “тахаюлӣ” аст, зеро саранҷом роҳи оддисозии робитаҳо бо кишварҳои арабӣ аз тариқи ҳалли масъалаи Фаластиниҳо мегузарад, на баръакс. Исроил охири соли гузашта бо чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Арабӣ робитаҳои дипломатиро барқарор кард.

Маркази мутолиоти амнияти миллии Исроил дар ҳоле дар гузориши солонаи худ буҳрони дохилиро ба унвони яке аз се таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар номидааст, ки порлумони Исроил начандон пеш пароканда ва ҳукумат муваққатӣ шуд. Бинобар сабаби ихтилофоти сиёсиву ҷанҷолҳои дохилии аҳзоби сиёсӣ дар Исроил дар ду соли гузашта бори чаҳорум аст, ки интихоботи порлумонӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG