Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, "ҳарду пойи демократияи Амрико мелангад"


Карикатураи Сергей Элкин дар бораи вокуниши Владимир Путин ба ҳодисаҳо дар Вашингтон.
Карикатураи Сергей Элкин дар бораи вокуниши Владимир Путин ба ҳодисаҳо дар Вашингтон.

Мақомоти расмии Русия ошӯбу вайронкорӣ дар бинои порлумони Иёлоти Муттаҳидаро далели таназзули Амрико номиданд ва яке аз онҳо гуфт, ҳодиса нишон дод, ки “ҳарду пойи демократияи Амрико мелангад”.

Баъди ҳамла ва вайронгариҳои такондиҳанда дар Вашингтон, бисёриҳо дар Маскав гуфтанд, ки Иёлоти Муттаҳида дигар ҳаққе надорад, ки ба дигар кишварҳо дар бораи озодиву демократия насиҳат бихонад.

Телевизионҳои Русия, бо сархатҳои “Ошӯб дар Капитол” ва “Ҳарҷу марҷ дар Вашингтон” пайваста видеои издиҳоми тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трампро нишон медоданд, ки чӣ гуна садҳои амниятиро шикаста ва бинои порлумон ворид мешаванд ва неруҳои амниятӣ ҳам гази ашковар истифода мебаранд ва маъмурони пулис силоҳи худро берун мекашанд.

Константин Косачёв, раиси Кумитаи умури дохилии Шӯрои федератсия дар Фейсбук навиштааст: “Асосҳои тарафи мағлубшуда барои муттаҳам кардани пирӯз ба тақаллубкорӣ ин дафъа ба қадри кофӣ вуҷуд дорад. Возеҳ аст, ки демократияи амрикоӣ бо ҳарду пояш мелангад.”

Ба навиштаи вакили палатаи болоии порлумони Русия, “Ҷашни демократия тамом шуд. Мутаасифона, бе хушҳолӣ ва воқеиятро мегӯям, ки демократияи Амрико ба замин хӯрд. Амрико дигар хати маш таъйин намекунад ва ҳақ ҳам надорад, ки ба дигарон бигӯяд ва бор кунад.”

Маскав солҳои тӯлонӣ танқидҳои Амрико доир ба вазъи демократия дар Русияи зери раҳбарии раиси ҷумҳур Владимир Путинро беасос номида ва Вашингтонро ба риёкориву худписандӣ муттаҳам мекард.

Шореҳони рус бо хушҳолӣ ба сарпечии Трамп аз эътирофи шикаст дар интихоботи моҳи ноябр ва афзудани ихтилоф дар Иёлоти Муттаҳида ишора карда мегуфтанд, ки ин ҳама аломати таназзули Амрико аст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида, Маскавро ба барангехтани ихтилоф бо раҳандозии маъракаҳои дурӯғпароканӣ ва мудохила дар интихоботи Амрико муттаҳам кардаанд. Иддаоҳо дар ин замина Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрикоро водор сохт, ки мудохилаи эҳтимолӣ ба интихоботи соли 2016 ва ба нафъи Трамп ҳаракат додани тамоюлро таҳқиқ кунад.

Азбаски дар Русия рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мешавад, ҳукумати Русия ва ё вазорати умури хориҷиаш то кунун вокуниши расмие дар бораи ҳодисаҳои Вашингтон накардаанд.

"Амрико дигар машъалбардори демократия нест"

Аммо вакилони тарафдори ҳукумат дар Русия аз фурсат истифода бурданд. Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури хориҷии Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумон ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст: “Албатта дигар Иёлоти Муттаҳида ҳақ надорад, меъёрҳои интихоботиро ба дигар кишварҳо бор кунад ва худро “машъалбардори демократия” бихонад.”

Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон баъди ташвиқи “инқилобҳои ранга” дар саросари ҷаҳон, қиёмҳои зиддирусӣ дар Украина ва Гурҷистон ва тазоҳурот дар Белорус ранҷ мекашад. Ӯ гуфтааст: “Бумеранги инқилобҳои ранга ба худи Амрико баргаштааст. Ҳамаи ин хатари буҳрон дар системаи амрикоии қудратро ба вуҷуд овардааст.”

Дигар шореҳони рус гуфтаанд, ки ҳодисаҳои Вашингтон нишон дод, ки сиёсатҳои дохилии Русия дуруст аст. Антон Горелкин, вакили Кумитаи телекоммуникатсия дар Думаи Давлатӣ амалкарди Твиттеру Фейсбукро сутудааст, ки саҳифаҳои Доналд Трампро барои муддате бастанд ва гуфтааст, ин кор зарурати назорати беҳтари шабакаҳои иҷтимоиро нишон дод.

Ӯ дар каналаш дар Телеграм навиштааст: “Шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бар асоси қоидаҳои сахт ва чаҳорчӯбаи қонунӣ кор кунанд. Чаро ки озодии мутлақи иттилоот аслиҳае дар дасти тундравон шудааст.”

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ Русияро батакрор барои назорати сахти шабакаҳои иҷтимоӣ танқид кардаанд. Вашингтон яке аз мунтақидони аслии ҳаракатҳои Путин барои саркӯби дигарандешӣ аст ва чанде пеш ҳукумати Русияро барои қабули қонуне танқид кард, ки созмонҳои ғайриҳукуматиро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, “гумоштаи хориҷӣ” унвон медиҳад.

Ин қонунро Вашингтон ҳаракати дигаре ба самти “саркӯби ҷомеаи маданӣ” номид. Маскав мегӯяд, Амрико бо иддаоҳои риёкорона дар бораи демократия аз пайи манофеи худ ва нигаҳ доштани нуфузаш дар ҷаҳон аст.

Танишҳо байни Амрикову Русия ду рақиби давраи Ҷанги Сард дар чанд соли гузашта авҷ гирифт. Амрико ба зидди Русия таҳрим ҷорӣ кард, ду тараф сари паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ баҳс доранд ва мақомоти Амрико чанде пеш Русияро ба рахнагарӣ дар шабакаҳои ҳукуматӣ ва муассисаҳои амрикоӣ муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG