Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон қонун дар бораи авфи иқтисодӣ ба иҷро даромад


Талант Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон
Талант Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон

Талант Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон қонун дар бораи авфи иқтисодиро имзо кард.

Аз маркази матбуотии президент хабар доданд, ки қонун ба маҳзи расман нашр шудан ба иҷро медарояд.

Порлумони он кишвар рӯзи 23 декабр ин қонунро қабул карда буд. Муаллифони тарҳ гуфта буданд, қонуни мазкур барои пур кардани буҷа аз ҳисоби шаҳрвандоне, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ содир кардаву авф мешаванд, равона шудааст. Ҳамчунин, қонун ҳадафҳои башардӯстона дошта, зиндониҳоеро, ки бо айбҳои иқтисодӣ ҳабс шудаанд, авф мекунад.

XS
SM
MD
LG