Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши нав дар Халиҷи Форс. Эрон киштии Куриёи Ҷанубиро "дастгир кард"


Халии Форс. Акс аз бойгонӣ
Халии Форс. Акс аз бойгонӣ

Куриёи Ҷанубӣ аз Эрон тақозо кардааст, киштии боздоштшудаи ин кишварро зуд раҳо кунад. Киштии "МТ Ҳанкук Хеми"-ро мақомоти Эрон рӯзи 4-уми январ, ба гуфтаи онҳо, барои барои "олуда кардани об бо нафт" дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз дастгир карданд.

Хабаргузории нимарасмии Форс навишт, киштии нафткашро нерӯҳои баҳрии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ боздоштанд. Дертар Сипоҳи Посдорон дар иттилоияе хабарро тасдиқ кард ва гуфт, шахсони дар киштӣ буда, шаҳрвандони Куриёи Ҷанубӣ, Индонезия, Ветнам ва Мянмар ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Куриёи Ҷанубӣ эълом кард, бовар ҳосил кардаанд, ки амнияти ин афрод таъмин аст ва ҳоло талаб доранд, киштӣ пурра озод карда шавад. Вазорати дифои ин кишвар низ хабар дод, як гуруҳи махсуси нерӯҳои дарёиро ба наздикии Тангаи Ҳурмуз мефиристад.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба иқдоми Сипоҳи посдорон барои боздошти киштии Куриёи Ҷанубӣ вокуниш нишон дод ва онро талоше барои "тамаъҷӯии байналмилалӣ" тавсиф кард. Масъулони вазорат гуфтанд, Амрико дар масъалаи озодсозии киштии Куриёи Ҷанубӣ бо Сеул "ҳамсадо" аст.

Боздошти киштии Куриёи Ҷанубӣ аз сӯи Сипоҳи посдорон дар остонаи сафари муовини вазири корҳои хориҷии Куриёи Ҷанубӣ иттифоқ меафтад. Дар ин сафар қарор аст, Теҳрон ва Сеул бар сари маблағи нафте, ки дар Куриёи Ҷанубӣ "дармондааст" баҳс кунанд.

Сайид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар бораи маблағи нафте, ки Куриёи Ҷанубӣ бояд ба Теҳрон пардозад, гуфт, ин мавзуъ суст пеш меравад ва "аз иттифоқоте, ки то кунун рух додааст, розӣ нестем."

Маълум нест, боздошти киштии Куриёи Ҷанубӣ аз сӯи нерӯҳои Сипоҳи посдорон то куҷо ба масъалаи маблағи нафт миёни Теҳрон ва Сеул рабт дорад. Куриёи Ҷанубӣ дар пайи таҳримҳои Амрико, пули нафтеро, ки аз Эрон харида буд, "ҳабс кард". Теҳрон аз ин маблағ танҳо метавонад барои хариди молҳои башардӯстона аз Куриёи Ҷанубӣ истифода барад. Мақомоти Эрон мизони пули дар Сеул бандмондаро 7 миллиард доллар гуфтанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Теҳрон барои дастёбӣ ба сабуктар кардани таҳримоти иқтисодӣ барои ҳаракати озодона дар обҳои Халиҷи Форс хатар эҷод мекунад.

XS
SM
MD
LG