Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон талоши "тасарруф"-и нафткаши бритониёиро рад кард


Хабаргузории "Рейтерз" ва шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз манбаъҳои худ дар вазорати дифои Амрико мегӯянд, панҷ каиқи "тезҳаракати Эрон" талош кардаанд то як киштии нафткаши бритониёиро ба тарафи обҳои Эрон бурда ва "тасарруф" кунанд.

Эрон хабари талоши тасарруфи киштии нафткаши бритониёиро рад кардааст.

Ин гузориш меафзояд, бо дахолати нови бритониёии HMS Montrose қаиқҳои "тезрави Сипоҳ" маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд. CNN мегӯяд, як ҳавопаймои иктишофии Амрико аз қаиқҳои эронӣ филмбардорӣ намудаст, вале ҳанӯз ин видеоро нашр накардааст.

Як мақоми вазорати дифои Амрико ҳам ба "Рейтерз" гуфтааст, ки панҷ қаиқ, ки эҳтимол меравад, мутааллиқ ба Сипоҳи посдорон буданд, чаҳоршанбе ба як киштии нафткаши бритониёӣ наздик шуданд ва аз он хостанд, то дар обҳои Эрон таваққуф кунад, вале вақте як нови бритониёӣ ба онҳо ҳушдор дод, ақибнишинӣ карданд.

Ҳукумати Бритониё рӯзи панҷшанбе расман эълон кард, ки се қаиқи мутааллиқ ба Эрон талош карданд дар обҳои Халиҷи Форс роҳро бар як киштии нафткаши ин кишвар бибанданд. Лондон дар ин баёнияи худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон хост, ки ба "ин вазъ дар минтақа" хотима диҳад ва аз танишҳо бикоҳад.

Аммо нерӯҳои баҳрии Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи панҷшанбеи 11-уми июл дар баёнияе талоши "тасарруф"-и як киштии нафткаши бритониёӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмузро рад карданд. Хабаргузории "Форс" ба нақл аз робитаи умумии минтақаи панҷуми нерӯҳои Сипоҳ "иддаои манбаъҳои амрикоӣ дар бораи талоши шиноварҳои нерӯҳои баҳрии Сипоҳ барои таваққуфи киштии нафкаши англисӣ дар Халиҷи Форс"-ро такзиб кард.

Дар вокуниш ба ин гузориш, дар баёния омадааст, "гаштҳои шиноварҳои нерӯҳои баҳрии Сипоҳ дар Халиҷи Форс тибқи равишҳои ҷорӣ ва дар ҳоли анҷом аст ва тайи 26 соати ахир ҳеҷ рӯёрӯӣ бо шиноварҳои бегона, аз ҷумла шиноварҳои англисӣ сурат нагирифтааст".

Ин баёния меафзояд, "дар сурате, ки дастуре дар робита ба манъ кардани шиноварҳои бегона дарёфт шавад, минтақаи панҷуми нерӯи баҳрии Сипоҳ дар қаламрави маъмурияти худ қодир аст бидуни таъхир бо қотеият ва ба суръат, иқдом намояд".

Пойгоҳи хабарии "Блумберг" рӯзи душанбеи 8-уми июл гузориш дода буд, ки киштии нафткаши ширкати "Бритиш петролиюм" бо номи British Heritage бо зарфияти интиқоли як миллион бушка нафт, рӯзи шанбе дар обҳои Арабистони Саудӣ дар Халиҷи Форс "паноҳ гирифт" ва қасди ҳаракат ба самти гулӯгоҳи Ҳурмуз ва вуруд ба обҳои байналмилалиро надорад. Як манбаи огоҳ ба хабаргузорӣ гуфта буд, киштии ёдшуда барои хуруҷ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз маҷбур аст ба обҳои Эрон наздик шавад ва метарсад, ки манъ шавад.

Қарор буд ин кишть як миллион бочка нафти Басраи Ироқро, ки тавассути як ширкати бритониёӣ-ҳолландӣ харидорӣ шуда буд, ба шимоли Аврупо интиқол диҳад. Аммо амалиёти боргириро қатъ кард ва қарордоди худро барои интиқоли ин бор лағв намуд.

Таниши нав байни Эрон ва Бритониё дар пайи манъи як киштии калони нафкаши эронӣ дар обҳои Ҷабал Ат-Ториқ (Гиблартар) дар ҳафтаи гузашта, вориди марҳилаи нав шуд. Ҷабал Ат-Ториқ аз сӯи Бритониё идора мешавад ва дар манъи ин киштӣ нерӯҳои баҳрии Бритониё низ иштирок доштанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе манъи ин киштии нафткаши эронӣ дар Ҷабал Ат-Ториқро кори "ғалат" хонд ва хитоб ба мақомоти Бритониё гуфт, ки "шумо оғозгари ноамнӣ ҳастед ва паёмадҳои онҳоро баъдан дарк хоҳед кард".

Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳам рӯзи гузашта манъи киштии нафткаши эрониро "иқдоми интиқомҷӯёна" дар посух ба сарнагун кардани ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ аз сӯи Эрон дониста буд. Оқои Боқирӣ ва ҳамчунин вазири дифои Эрон гуфтаанд, ки манъи ин киштӣ бепосух нахоҳад монд.

XS
SM
MD
LG