Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брайл – хатте, ки Оқилҷон ва ҳазорҳо нобинои дигарро дар Тоҷикистон босавод кардааст. ВИДЕО


Дастгоҳҳои чопи китоби брайлӣ, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст

Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии хати брайл (4-уми январ) аз Луи Брайл, педагоги фаронсавӣ ёд карданд, ки алифбои ихтироъкардааш ҳазорҳо нобиноро босавод кардааст.

Оқилҷон Зиёдалиев нобино аст ва дар мактаб-интернати махсус барои нобиноёни шаҳри Ҳисор навиштану хондани хати брайлиро омӯхтааст. Вай дар навбати худ ин хатро ба даҳҳо нафари дигар омӯзондааст.

Дар Рӯзи ҷаҳонии хатти брайл Оқилҷон Зиёдалиев аз муаллифи алифбо сипосгузорӣ кард. "Агар чунин намебуд, шахси нобино ба нафари дигаре эҳтиёҷ пайдо мекард, ки иттилоотро барояш бихонад. Ҳамин хат боис гашт, ки нобиноён дар бисёр ҷодаҳо фаъол бошанд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Қадрдонии нобиноёни тоҷик аз алифбои Брайл дар зодрӯзи муаллифаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Брайл чӣ гуна хат аст?

Луи Брайл рӯзи 4-уми январи соли 1809 таваллуд шудааст. Ин рӯзро ҳамасола дар аксар кишварҳо ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии алифбои брайл таҷлил мекунанд.

Брайл, ки дар сесолагӣ аз биноӣ маҳрум шудааст, дар 15-солагӣ аввалин алифбо барои нобиноёнро бо усули ихтирокардаи худ ба анҷом расонд. Он аз шаш нуқтаи барҷаста иборат буд ва ҳар ҳарфи алифбои фаронсавӣ бо гузорише иборат аз ин нуқтаҳо сохта мешуданд. Ҳамзамон бо ин аломатҳои китобиро низ бо ин нуқтаҳо ишора мекард. Луи Брайл ин алифбои худро тадриҷан такмил дод ва онро барои нотаи мусиқӣ низ истифода кард.

Ҳоло хате, ки Луи Брайл дар ду асри пеш ихтироъ кард, миллионҳо нобиноро соҳиби хату савод ва роҳу мавқеъ дар зиндагишон кард. Нобиноён ҳарфҳои барҷастаи алифбои брайлро бо ламси ангуштони худ мутолиа мекунанд.

Саидаҳмад Қаландаров, сокини шаҳри Душанбе, ки баъди даҳсолагӣ аз биноӣ маҳрум шудааст, гуфт, солҳо ба хотири надонистани ин хат натавонист соҳиби маълумот шавад. Аммо баъдан ин хатро омӯхт ва тавонист ду омӯзишгоҳро хатм кунад.

"Вақте одам китоб намехонад, наметавонад як шахси бофарҳанг шавад. Ин ҳатто барои гуфтугӯ бо мардум ҳам мушкил пеш меорад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекардам ин хатро омӯзаму китоб хонда тавонам", -- афзуд ӯ.

Китоб барои нобиноён
Китоб барои нобиноён

Камбуди китобҳо барои нобиноёни Тоҷикистон

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 15 ҳазор шахси нобино зиндагӣ доранд, ки даҳ ҳазор нафари онҳо ҳамчун узви Ҷамъияти нобиноён сабти ном шудаанд. Ҷавонон ва мактабхонҳои нобино ба адабиёти таълимӣ ниёзи шадид доштаанд.

Бо иллати набудани китобҳои дарсӣ бо хатти брайлӣ донишҷӯён ва ё толибилмони мактабҳои миёна маҷбуранд, нафари солимеро хоҳиш кунанд, ки барояшон китоб бихонад ва ё онро сабт кунад. Оқилҷон Зиёдалиев мегӯяд, дар замони Шӯравии пешин дар назди ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон матбаа фаъолият мекард, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ шуда, барои нобиноён китобҳои бадеӣ чоп мекард.

"Мутаасифона, китоби охирини бадеӣ, ки матбаа нашр кард, соли 1991 буд. Баъдан, дар соли 1997 бо ёрии сафорати Эрон дар Тоҷикистон китоби "Гулистон"-и Саъдиро нашр кард. Баъд аз ин ҳар китобе нашр шуд, бештар китобҳои таълимӣ буданд", -- афзуд ӯ.

Ахиран Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон хабар дод, ки таҷҳизоти муосири нашри китобҳои брайлиро дастрас кардааст, аммо бинои муносиб надорад, ки нашри китобҳоро оғоз кунад.

"Китобҳои гӯё" барои нобиноён

Мақомот мегӯянд, ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи махсус амал мекунад, ки ба шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла нобиноён хизмат мерасонад. Ин шуъба як толори хонишро ҳам иборат аз 50 ҷойи нишаст дар ихтиёр дорад ва бештар аз сад узви он шахсони нобино ҳастанд.

Инҳо асосан донишҷӯёни мактабҳои олӣ, толибилмони мактаб-интернатҳои махсуси нобиноёни ноҳияи Ҳисору шаҳри Душанбе ва ҳамчунин афроди касбу кори гуногун мебошанд. Дар бойгонии шуъба ҳудуди ҳазор нусха китобҳои чопи Брайлӣ вуҷуд дорад, ки аксари онҳо бо забони русӣ ҳастанд.

Дар гузашта, низ нобиноён аз камии китобҳои тоҷикӣ бо хати брайлӣ шикоят мекарданд ва мегӯянд, китобҳо метавонанд, ҳаёти афроди нобиноро рангу бӯе бахшанд ва нагузоранд, ки онҳо бехатту савод, дур аз ҷомеа ва дар кунҷи хона монанд.

Солҳои ахир таҳияи сабти аудиоии китобҳои бадеию маърифатӣ ва таълимӣ мушоҳида мешавад. Қаблан Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон таҳияи "китобҳои гӯё" -и адибони тоҷикро бо кӯмаки ровиёни радио Хайруллои Иброҳим ва Субҳон Ҷалилов ба роҳ монда буд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG