Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили китобҳои брайлӣ. Нобиноёни тоҷик дастгоҳи чоп ёфтанд, аммо бинои муносиб надоранд. ВИДЕО


Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон таҷҳизоти муосири нашри китобҳои брайлиро дастрас кардааст, аммо бинои муносиб надорад, ки нашри китобҳоро оғоз кунад. Бинои матбаа ё чопхонаи Ҷамъияти нобиноён фарсуда аст ва се сол инҷониб наметавонад китобҳоро бо хатти брайлӣ нашр кунад. Дар Тоҷикистон 15 ҳазор нобино ба сар мебаранд.

Ғолиб Ҷӯрахонзода, мудири матбааи нобиноён, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, бо мадади Ҷопон тавонистанд, ки ду таҷҳизоти чопии компютерӣ (принтер) бигиранд, вале дар бинои фарсудаи матбаа онҳоро насб карда наметавонанд.

Бино солҳои 70-уми асри гузашта сохта шудааст. Нобиноён мегӯянд, барои азнавсозии он тавон надоранд. Дар ҳоле ки мақомот иқдоме накардаанд, бо ёрии чанд шахси хайрхоҳ таъмири як утоқи матбаа шуруъ шудааст.

Вазъияти чопхонаи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон
Вазъияти чопхонаи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон

Ғолиб Ҷӯрахонзода мегӯяд, таҷҳизоти кӯҳнаи нашри китобҳо бо хатти брайлӣ, ки сохти Шӯравианд, ғайриқобили истифода шудаанд. Вай афзуд, "дар ҳамин замоне, ки қарор дорем, манфиат намерасонанд. Аввал ин ки харҷи нашри китобҳои брайлӣ зиёд аст ва агар мо ин таҷҳизотро истифода барем, харҷ боз ҳам зиёд мешавад. Дувум ин ки коррношоям ҳастанд."

Дастгоҳҳои нав, ки бо мадади Ҷопон дастрас шудаанд, дар як утоқи Ҷамъияти нобиноён нигоҳ дошта мешаванд. “Ин ҷо барои таҷҳизот амн аст. Ҳоло чопхона шароити нигаҳдории ин таҷҳизотро надорад. Чунки утоқҳо ҳамагӣ таъмирталабанд, аз ҳамин хотир ин таҷҳизотро дар ин ҷо нигоҳ медорем”, -- гуфт Ҷӯрахонзода.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кӣ дасти Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистонро мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ҳоло ҷавонон ва мактаббачаҳои нобино ба адабиёти таълимӣ ниёзи шадид доштаанд. Бо иллати набудани китобҳои дарсӣ бо хатти брайлӣ донишҷӯён ва ё толибилмони макотиби миёна маҷбуранд, нафари солимеро хоҳиш кунанд, ки барояшон китоб бихонад ва ё онро сабт кунад.

Оқилҷон Зиёдалиев, корманди Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, мегӯяд, “барои тамъин кардани тамоми ҷумҳурӣ бояд ҳар китобро на кам аз 1000 нусха чоп кунем. Айни ҳол ин имкониятро надорем. Вақте китоби одиро ба хатти брайлӣ бармегардонем, аз чанд китоб иборат мешавад. Фарз кардем, як китоби забони модарии синфи 3-юм метавонад бо хатти брайлӣ аз чаҳор китоб иборат шавад.”

Дастгоҳҳои чопи китоби брайлӣ, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст
Дастгоҳҳои чопи китоби брайлӣ, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст

Дар даврони Шӯравии пешин Ҷамъияти нобиноён аз имкониятҳову имтиёзҳои фаровон бархӯрдор буд. Аъзои ҷамъият бе мушкил таҳсил мекарданд ва барои таҳсил адабиёти кофӣ доштанд. Бо ҷойи кор таъмин буданд ва барои нашри китобҳо бо хатти брайлӣ сармояи кофие аз даромади корхонаҳои ҷамъият пайдо мекарданд.

Холмад Давлатов, муовини раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, гуфт, “он корҳоеро, ки нобиноён карда метавонистанд, дар давраи Шӯравӣ барои нафарони солим иҷозат намедоданд. Масалан, бофтани банд, симтур ва ё борхалтаҳои коғазӣ. Инҳоро фақат шахсони нобино истеҳсол мекарданд.”

Ҳоло он корхонаҳо тақрибан фаъол нестанд ва ҷамъият хидкифо нест, то барои чопи китобҳо бо хатти брайлӣ сармоягузорӣ кунад. Барои таъмири бинои харобгаштаи матбаа ба дасти кумаки афроди саховатманд ниёз доранд, то ба зудӣ нашри китобҳоро бо хатти брайлӣ ба роҳ монанд.

Тибқи омор, феълан дар Тоҷикистон понздаҳ ҳазор шахси нобино зиндагӣ доранд, ки даҳ ҳазор нафари онҳо ҳамчун узви Ҷамъияти нобиноён сабти ном шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG