Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз раҳбарони ҷунбиши Таҳаффузи паштун дар Покистон


Саидолам Маҳсуд
Саидолам Маҳсуд

Саидолам Маҳсуд, фаъоли барҷастаи ҳуқуқи башар ва яке аз раҳбарони ҷунбиши Таҳаффузи паштунро рӯзи 3-юми январ дар Пешовари Покистон боздошт кардаанд. Бино бар гузоришҳо, Маҳсуд ба изҳороти зидди давлатӣ муттаҳам аст. Сано Эъҷоз, яке дигар аз раҳбарони ҷунбиш дар паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфтааст, чанд пулис ба хонаи Маҳсуд ҳуҷум карданд. Вай навиштааст, "раҳнамову раҳбари таҳрики мо дар хонааш боздошт шуд." Ва иддао кардааст, ки "шуморе аз намояндагони пулис омаданду чунин бархӯрд карданд ва ҳеч имкони суолу ҷавоб дода нашуд".

XS
SM
MD
LG