Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 вакили ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, натиҷаҳои интихоботи Амрикоро тасдиқ намекунанд


Ҳаракати ҷумҳурихоҳон монеи ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Ҷо Байден намешавад.
Ҳаракати ҷумҳурихоҳон монеи ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Ҷо Байден намешавад.

Гуруҳе аз вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо раҳбарии Тед Круз вакил аз иёлати Тексаси Амрико гуфтаанд, ки монеи тасдиқи раъйи ҳайатҳои интихоботӣ мешаванд, ки аксарияташон Ҷо Байденро раиси ҷумҳур баргузиданд.

Маросими тасдиқи расмии оро ҳафтаи оянда дар Конгресс баргузор мешавад. Ин кори вакилон як ҳаракати рамзӣ аст ва монеи тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден намешавад, ки рӯзи 20-уми январ расман ба курсии раиси ҷумҳури Амрико менишинад. Айни замон ин кор як талоши бесобиқае барои зери суол бурдани иродаи мардуми Амрико ба ҳисоб меравад.

Ёздаҳ вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯзи 2-уми январ бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 тақаллуб ва қонуншиканиҳои зиёде сурат гирифтааст, вале далеле барои собит кардани гуфтаҳояшон наовардаанд.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп то кунун шикаст дар интихоботро эътироф накардааст ва пайваста иддаоҳои бепояро такрор мекунад, ки дар интихобот “сохтакорӣ” шудааст. Ӯ қавл додааст, ки барои беэътибор кардани натиҷаҳо муборизаро идома медиҳад.

Гуруҳи вакилони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, рӯзи 6-уми январ вақте аъзои Конгрес барои тасдиқи расмии пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ меоянд, талаб мекунанд, як кумиссиёни махсусе ташкил шавад, ки натиҷаҳои интихоботро дар муддати 10 рӯз тафтиш намояд.

Тед Круз гуруҳи вакилони норозиро раҳбарӣ мекунад.
Тед Круз гуруҳи вакилони норозиро раҳбарӣ мекунад.

Шояд 140 вакили Маҷлиси намояндагони Амрико ҳам дар ҷаласаи муштараки Конгрес ба тасдиқи оро мухолифат кунанд. Ҳайатҳои интихоботии Амрико рӯзи 14-уми декабр расман пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи соли 2020-ро тасдиқ кард. Ҷо Байден 306 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ ва Трамп 232 раъй ба даст овард.

Майкл Гвин, сухангӯи Ҷо Байден, иқдоми вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳро “бозии сиёсӣ” номид. Ӯ гуфт: "Ин намоишкорӣ ин воқеиятро, ки президенти тозаинтихоб Байден рӯзи 20-уми январ савганд ёд мекунад, тағйир намедиҳад. Ин иддаоҳои беасосро то кунун, худи вазири адлияи Трамп, даҳҳо додгоҳ ва мақомоти интихоботии ҳарду ҳизб рад кардаанд.”

Бар асоси системаи интихоботии Амрико, раъйдиҳандагон ба “ҳайатҳои интихоботӣ” раъй медиҳанд ва ин ҳайатҳо чанд ҳафта баъд аз интихобот номзади худ ба мақоми раиси ҷумҳурро интихоб мекунанд.

Вакилони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки то замони анҷоми тафтиши натиҷаҳои интихобот ва хулосаи он раъйи баъзе аз ҳайатҳои интихоботӣ аз баъзе “иёлатҳои баҳсбарангез”-ро намепазиранд. Онҳо ҳеч иёлатеро ном набурдаанд.

Конгресси Амрико ба эҳтимоли ғолиб ҳеч яке аз ин талаботи вакилонро қабул намекунад. Талош барои беэътибор кардани натиҷаҳои интихобот дар байни ҷумҳурихоҳон ихтилоф ба вуҷуд овардааст.

Митч Макконел раҳбари ҷиноҳи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Сенат аз ҳамсафонаш хостааст, ки барои беэътибор кардани натиҷаҳои интихобот, ки бино ба хулосаи мақомоти интихоботӣ аз Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ озоду одилона баргузор шудааст, талош накунанд.

Аввали ҳамин ҳафта Бен Сассе, сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Небраска аз ҳамкоронаш хост, “ин найранги хатарнок”-ро напазиранд, чун ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои маданӣ дар кишварро зери хатар мегузорад.

XS
SM
MD
LG