Раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба шикояти 17 иёлат дар Амрико пайваст, ки аз Додгоҳи Олии Иёлоти Муттаҳида хостаанд, парвандаи иёлати Техас барои беэътибор кардани натиҷаҳои интихобот дар чаҳор иёлатро баррасӣ кунад.
Дар ин чаҳор иёлат, Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ баранда шудааст. Дар бораи парвандаи бесобиқа рӯзи 9-уми декабр эълон шуд ва як рӯз баъд аз онки Додгоҳи Олии Амрико шикояти Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои беэътибор донистани пирӯзии Ҷо Байденро рад кард.
Қарори Додгоҳи Олӣ як шикасти бузурги дигаре барои Доналд Трамп ва гуруҳи ҳуқуқшиносони ӯ аст, ки аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ба додгоҳ як даста шикоят бурдаанд. Ҷо Байден дар интихобот аз Трамп 7 миллион ройи бештар ба даст овард ва 306 орои ҳайатҳои интихоботиро соҳиб шуд, ки бештар аз шумораи ороест, ки барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико кофист.
Дар низоми печидаи интихоботии Иёлоти Муттаҳида ба номзад зарур аст, на камтар аз 270 орои ҳайатҳои интихоботиро ба даст биёрад. Додситони иёлати Техас, Кен Пакстон, ки узви Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, тақозо дорад, ки 62 раъйи ҳайатҳои интихоботии иёлатҳои Ҷорҷиа, Мичиган, Пенсилвания ва Висконсин беэътибор карда шаванд.
Дар сурати қарори мусбати Додгоҳи Олӣ, ки эҳтимоли қабули он фавқуллода кам аст, натиҷаҳои интихобот метавонад, ба нафъи Доналд Трамп тағйир ёбад. Кен Пакстон дар шикояти расмиаш, иддаоҳои беасос ва собитношудаеро такрор кардааст, ки гӯё ройдиҳӣ аз тариқи почта дар чаҳор иёлат бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст ва ё дар онҳо тақаллуб шудааст. Тамоми 17 иёлате, ки ба ин шикоят ҳамроҳ шудаанд, ба тарафдории Доналд Трамп раъй додаанд.
Доналд Трамп дар саҳифааш дар Твиттер навишт: “Камаш 17 иёлат ба парвандаи фавқуллодаи Техас ба зидди бузургтарин тақаллубкорӣ дар таърихи интихоботҳои Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ шуданд.” Доналд Трамп бардурӯғ иддао мекунад, ки дар интихобот баранда шуд ва иддаоҳои беасос дар бораи тақаллуб дар интихоботро борҳо такрор кардааст. Тамоми шикоятҳои расмии ситоди интихоботии Трам ва шариконаш дар бораи тақаллуб дар интихоботро додгоҳҳо беасос хонда, рад кардаанд.
Ҳуқуқшиносон гуфтаанд, ки шикояти расмии додситони Техас бешак натиҷае намедиҳад. Қарор аст, ҳайатҳои интихоботии Амрико рӯзи 14-уми декабр ҷамъ омада ва натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 3-уми ноябр дар Амрикоро тасвиб кунанд. Ҷош Кол, додситони иёлати Висконсин гуфтааст: “Дилам ба мардуми Техас месӯзад, ки молиёту долларҳои пардохтаи онҳоро барои як шикояти воқеан шармовар зоеъ мекунанд.”
Рик Ҳейсен, донишманди ҳуқуқдон аз Донишгоҳи Калифорния, гуфтааст, шикояти додситони Техас “аҳмақонатарин парвандаест, ки ман дидаам” ва онро “хокрӯбаи хатарнок” номидааст. Ӯ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, Техас “ҳеч гуна ҳақ надорад, бигӯяд, ки дигар иёлатҳо бояд чӣ гуна ҳайатҳои интихобтиашонро интихоб кунанд. “