Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ситоди интихоботии Трампро "беасос" номиданд


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Додгоҳи федеролии Пенсилвания даъвои Ситоди интихоботии Доналд Трампро барои бекор кардани натиҷаи интихобот рад кард.

Мэтю Бранн, як додрас дар Пенсилвания шикояти тақаллуб дар интихоботро "беасос ва тахминӣ" унвон кард.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ситоди Трамп дар ин бора ҳаққи такроран муроҷиат карданро надоранд.

Қаблан, Ситоди Трамп иддао карда буд, ки ҳангоми овоздиҳӣ тариқи почта дар ин аёлат қонуншиканӣ шудааст. Онҳо гуфта буданд, ки 700 ҳазор варақаи овоздиҳӣ бояд бекор карда шаванд.

Интихоботи президенти дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 3-юми ноябр баргузор шуд. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ Ҷо Байден, номзади Демократҳо пирӯз шудааст.

Пенселвания, як аёлати муҳим барои пирӯзии номзадҳои интихоботи президентӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо Ҷо Байден пирӯз дониста шудааст.

Дар Амрико ҳануз натиҷаҳои расмии интихоботро эълон накардаанд, вале бар асоси арзёбиҳои расонаҳои Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъйи ҳайатҳои интихоботиро ба даст овардааст.

Барои раиси ҷумҳур шудан дар Амрико 270 раъйи ҳайатҳои интихоботӣ кофист.

XS
SM
MD
LG