Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба номзадҳои мақоми президентӣ аспу гӯсфанд туҳфа мекунанд 


Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон дар робита ба туҳфаҳое, ки номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар дар ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботии худ дарёфт мекунанд, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар минтақаҳои гуногуни Қирғизистон сокинон ба бархе аз сиёсатмадорон чаҳор аспу як гусфанд туҳфа карданд. Дар ҳоле ки тибқи қонун, сокинон номзадҳоро танҳо метавонанд, аз тариқи гузаронидани маблағ ба ҳисоби ситоди интихоботияшон дастгирӣ кунанд.

Дар он кишвар аллакай ду ҳафта мешавад, ки маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҷараён доранд. Номзадҳо ба минтақаҳо рафта, бо интихобкунандагон мулоқот ва аз онҳо туҳфа қабул менамоянд.

Чаҳор номзад бо шумули Содир Ҷабборов ва Адахон Мадумаров аллакай тавонистанд аспҳоеро савор шаванд, ки ҷонибдоронашон тақдим кардаанд. Тақдими туҳфаҳо ба номзадҳо аъзои Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистонро нигарон кардааст.

Яке аз аъзои комиссия Гулнора Ҷурабоева дар "Фейсбук" навишт, ки интихобкунандаҳо танҳо бо роҳи гузаронидани маблағ ба ҳисоби ситоди интихоботӣ ва эъломи номи худ метавонанд номзади мавриди назарашонро дастгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор шаффофияти харҷи ситодҳои интихоботиро таъмин хоҳад кард.

Вале худи номзадҳо гирифтани туҳфаҳо аз интихобкунандагонро рад карда, мегӯянд, аспҳоро баъди савор шудан дубора баргардондаанд.

Гуруҳи кории Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон моҷарои дигареро низ таҳқиқ дорад. Рӯзноманигорони ин кишвар ахиран хабар доданд, ки иҷрокунандаи ҳамакнун собиқи вазифаҳои президент Содир Ҷабборовро дар сафарҳояш ба минтақаҳо муҳофизони давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҳоле ки қонун инро манъ кардааст.

Вале ситоди интихоботии Ҷабборов ин иддаоро рад мекунад. "Онҳо ё ҷонибдорон ва ё ёварони ӯ ҳастанд, ки аз аввал дар ситод буданд", - гуфтанд дар ситоди Ҷабборов.

Дар Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон гуфтанд, ки хабарро таҳқиқ хоҳанд кард.

Интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қирғизистон 10 январи соли 2021 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG