Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаҳои троллейбус дар Душанбе аз кам шудани маош шикоят карданд. ВИДЕО


Қурбоналӣ Тураев, ронандаи троллейбус дар Душанбе

Чанде аз ронандаҳои троллейбусҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, дар давраи пандемияи COVID-19, ки нархҳо дар бозорҳо афзоиш ёфт, ба ҷойи дастгирӣ, баръакс маошашонро кам кардаанд. 

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Ронандаҳои троллейбус дар Душанбе аз кам шудани маош шикоят карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Намояндагони корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Тролейбус” гуфтанд, моҳҳонаи ронандаҳо дар давраи пандемия аз ҳисоби коҳиши мусофирон кам шудааст. Рӯзи 25-уми декабр дар ин корхона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳаҷми маоши ронандаҳо аз маблағе вобаста аст, ки мусофирон мепардозанд.

ЗИНДАГӢ БО 315 СОМОНӢ?

Қурбоналӣ Тураев, 15 сол боз дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” ба ҳайси ронанда кор мекунад. Ӯ рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо 315 сомонӣ маоше, ки мегирад, наметавонад рӯзгорашро пеш барад.

“Аз як сомонӣ роҳкирое, ки мусофир тариқи корти электронӣ пардохт мекунад, 25 дарсадаш ба мо мегузарад, бар асоси нақша ҳар рӯз бояд 230 сомонӣ ба корхона супорем. Пеш мусофир бисёр буд, кор бад набуд, ҳоло одам кам аст, пул кам ҷамъоварӣ мешавад, лекин нақша мисли пеш 200 сомонӣ боқӣ мондааст, ки инро иҷро кардан барои мо мушкил аст”,‑‑гуфт ӯ.

"ШИКОЯТ КАРДАМ, АЗ КОР РОНДАНД"

Кароматулло Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе низ то чанд моҳи пеш ронандаи троллейбус буд. Шикоят аз маоши кам ва талаб кардани ҳаққи кор ба барканориаш анҷомидааст. Ӯ гуфт, ки маошаш 850 сомонӣ буд, вале ба ӯ дар охири моҳ 134 сомонӣ додаанд, ки барои чунин амал ба раҳбарияти корхона шикоят бурд.

“Гуфтанд, хоҳӣ кор кун, нахоҳӣ дар кушода аст, рав. Пас аз ин даъвоям ба ҷои дастгирӣ аз кор озодам карданд”,‑‑гуфт ӯ.

Маъмурияти Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Тролейбус” чунин иддаои ронандаро беасос хонда, таъкид намуданд, ки дар шароити феълӣ ронандаҳоро дарк мекунанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳоро зери фишор қарор надодаанд, ки пули нақшаи пешбинишударо пурра супоранд.

"МУСОФИР КАМ ШУД, НАҚША ИҶРО НАШУД"

Ба қавли Маҳмадҷон Ғуломов, муовини раҳбари Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” дар замони авҷи пандемия дар кишвар ягон ронанда нақшаро пурра иҷро накардааст.

“Мусофир кам шуд, нақша иҷро нашуд. Вобаста ба маблағи ҷамъовардаашон 25 фоиз ҷудо карда, маошро пардохт мекунем. Дар як баст барои як ронанда тибқи нақша ҷамъоварии 200 сомонӣ пешбинӣ шудааст, вале агар кам ҷамъоварӣ карданд, кам пул мегиранд”,‑‑гуфт ӯ.

Автобус ва троллейбусҳои нав Дар Душанбе
Автобус ва троллейбусҳои нав Дар Душанбе

Як намояндаи корхона бидуни зикри номаш гуфт, корхона худмаблағгузор аст ва дар ин шабу рӯз фаъолият кардан кори осон нест. Ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки дар баробари таъсири пандемияи COVID-19, бо афзоиши вуруди автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт, ҳоло ба троллейбусҳои кӯҳна мисли солҳои пеш таваҷҷӯҳ намекунанд.

Дар назди Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” зиёда аз 100 троллейбус фаъол аст ва масъулони корхона мегӯянд, ба ронанда ниёз доранд.

Чанде аз ронандаҳо бо нигаронӣ гуфтанд, бо машое, ки ҳоло мегиранд, идома додани кор мушкил аст.

Ҳамарӯза дар роҳҳои Душанбе беш аз 340 автобусу троллейбус ва наздики якуним ҳазор микроавтобус ба сокинон хидмат мекунанд.

Шикоят аз пардохти маош ва ночиз будани он на танҳо аз забони ронандаҳои троллейбус, балки аз сӯи кормандони дигар бахшҳо низ борҳо садо додааст. Чунин шикоятҳо дар давраи пандемия ба маротиб бештар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG