Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 автобусу троллейбуси нав мушкилро дар Душанбе осон мекунад? ВИДЕО


Автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе
Автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Шаҳри Душанбе соҳиби 69 троллейбуси беноқил ва 36 автобуси навъи АКИА гардид. Дар маросими тақдими Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ ширкат карданд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Душанбе соҳиби троллейбусҳои беноқил ва автобусҳои “АКИА-Ориёно” шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Гуфта шуд, ки ин нақлиёт аз рӯзи оянда дар масирҳои пойтахт машғули мусофиркашонӣ мешаванд. Ҷумъахон Давлатов, раиси корхонаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи ихтисоси ин миқдор нақлиёти мусофирбар ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт ва ба ҷойи нақлиёти кӯчаки мусофирбар роҳандозӣ кардани нақлиёти калонҳаҷми мусофирбар мебошад.

КӢ ЧӢ ҚАДАР СУД МЕГИРАД?

Автобусу тролейбусҳои нав мисли дигар нақлиёти ҷамъиятии калонҳаҷм дар пойтахт аз тариқи низоми пардохти электронии “Ситӣ кард” хидмат мерасонад. Ин низомро дар хадамоти мусофиркашонии пойтахт ширкати “Авесто групп”, ки гуфта мешавад ба дӯстони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе тааллуқ дорад, роҳандозӣ кардааст, аммо даромади асосӣ ба буҷаи шаҳр ворид мегардад.

Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки “25 фоизи пардохтҳои “Ситӣ кард” барои хидматрасониҳои электроние, ки айни ҳол рафта истодааст, ба ҷамъяти дорои масъулияташ маҳдуди “Авесто групп” ва 75 фоизи пардохтҳо ба худи корхонаҳои коммуналӣ ворид карда мешавад”.

Дар корхонаи “Душанбенақлиётхидматрасон” иттилоъ доданд, ки ҳамарӯза аз нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз 250 то 300 ҳазор нафар истифода мекунанд. Бо дарназардошти арзиши роҳкиро барои як нафар дар троллейбус (як сомонӣ) ва автобус (як сомониву 20 дирам) ҳисоби риёзии суди ширкати “Авесто групп” душвор нест.

ТРОЛЛЕЙБУСҲОИ БЕНОҚИЛ ДАР ДУШАНБЕ

Зимнан, бори нахуст дар кишварҳои Осиёи Марказӣ троллейбусҳои беноқил соле қабл аз Белоруссия ба Душанбе ворид карда шуданд. Баъд аз анҷоми санҷиши ин навъи нақлиёти мусофирбар дар шароити Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, боз ҳудуди 100 дона чунин троллейбусҳоро харидорӣ кунанд. Гузашта аз ин, Маркази матбуотии президенти Тоҷикистон дар маросими муаррифии нақлиёти нави мусофирбар дар Душанбе иттилоъ дод, ки дар зудтарин фурсат ширкати “Акиа Авесто” дар Тоҷикистон истеҳсоли “ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ бо ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофиронро пешбинӣ кардааст”.

Троллейбусҳои нав дар Душанбе бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ба гуфтаи Ҷамшед Аминов, як ронанда троллейбусҳои беноқил дар муқоиса бо троллейбусҳои қаблӣ кори ронандаро ба таври назаррас сабук мекунад.

Ӯ гуфт: “Дар тобистон кондинсионераш кор мекунад. Бар замми ин, бе нирӯи барқ ҳам ҳаракат мекунад. Свет, ки мурд, қувваи барқ ҳам мурд, ин троллейбус то 20 километр ҳаракат мекунад. Интернет, Вай-Фай дорад, барои шахсони маъюб шароити озодона саворшавӣ ба нақлиётро доранд, ба таври автоматӣ ҳар истгоҳро эълон мекунад”.

Дар маросими муаррифии васоили нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ҳамчунин 36 автобуси нав ба корхонаҳои мусофирбарӣ ироа шуд.

МУШКИЛ ҲАЛ МЕШАВАД?

Саидмурод Аҳмадзода, мудири корхонаи воҳиди давлатии “Автобус 2” дар пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба онҳо аз ин миқдор танҳо 16 автобус расидааст.

"Аз ин миқдор 16 адад ба корхонаи мо тааллуқ доранд. Ин автобусҳо аз ҷиҳати ғунҷоиш ва аз ҷиҳати андоза ҳам нисбат ба автобусҳои пешин хурдтар буда барои истифодабарии мусофирон ва тезҳаракатиашон бисёр қулай мебошад”,--гуфт ӯ.

Аксари сокинони Душанбе бар ин назаранд, ки ҳатто бо ворид кардани автобусу троллейбусҳои нав мушкили интиқоли мусофирон, бахусус дар соатҳои доғи субҳ ва шом ҳалли худро пурра наёфтааст.

Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки дар шароити хуруҷи бемории ҳамагири COVID 19 мақомот бояд ҳаракати васоили нақлияи мусофирбарро ба тавре роҳандозӣ кунад, ки сокинони кишвар дар дохили автобусу троллейбусҳо аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагир эминтар бошанд. Ҳоло бинобар камбуди нақлиёт нақлиёти Душанбе пур аз мусофир аст, ки ба гуфтаи ин коршинос, дар шароити пандемия пур аз манбаи сироятёбӣ аст.

Ба иттилои корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон", бо вуруди троллейбусҳои нави беноқил як хатсайри шумораи 11 аз маҳаллаи 102 то Боғи Айнӣ барқарор карда мешавад. Ба манзури ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар ҷодаҳои пойтахт, шаҳрдорӣ дар як соли ахир 13 хатсайри микроавтобусҳоро барҳам дода, дар ин масирҳо хатсайри автобусҳо роҳандозӣ шудааст.

Феълан, ҳамарӯза дар ҷоддаҳои Душанбе 347 автобусу троллейбус ва наздики якуним ҳазор микроавтобус ба сокинон хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG