Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Россотрудничество” гуфтааст, тоҷикон аз ҳама бештар Русияро дӯст медоранд


Парчами Тоҷикистон ва Русия
Парчами Тоҷикистон ва Русия

Идораи “Россотрудничество” пажӯҳиши худро дар мавриди муайян кардани маҳбубияти Русия дар миёни сокинони кишварҳои гуногун натиҷагирӣ кардааст. Тибқи он маълум шудааст, ки дар миёни давлатҳои ҳамсуд ё худ ИДМ бештар аз ҳама тоҷикон Русияро дӯст медоштаанд. Баъди Тоҷикистон, шаҳрвандони Сербия ва Арманистон ба Русия маҳбубият доштаанд. Ҳамзамон мардумони Қазоқистону Қирғизистон, Молдова, Сурияву Украина ва Булғористону Чин ҳам гуфтаанд, ки ба Русия эҳтиром доранд.

“Россотрудничество”, як Оҷонсии давлатӣ аст, ки Русия барои пешбурди равобити фарҳангӣ бо ҳамватанон ва пайравону мухлисони фарҳанги русӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис додааст.

Дар гузашата низ назарсанҷиҳои баъзе созмонҳои омӯзиши афкор дӯстдории тоҷиконро дар нисбати Русия нишон дод буд. Коршиносон чунин тамоюлро ба “ишқи якҷониба” ташбеҳ мекунанд. Зеро назарпурсиҳо дар Русия нишон медиҳад, ки баръакс мардуми бумӣ ба тоҷикон чандон муҳаббат надоранд.

XS
SM
MD
LG